ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ

173

Имрӯз намояндагони самти равобити байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо зумрае аз донишҷӯёни хориҷие, ки дар Донишгоҳ таҳсил доранд, вохӯрӣ гузарониданд.

Мақсади вохӯрӣ аз шинос шудан бо будубош, шароит, раванди таҳсил ва имтиҳонсупории донишҷӯёни хориҷӣ иборат буд.

Ба донишҷӯён мутахассисони раёсат доир ба масъалаи сари вақт дуруст намудани ҳуҷҷатҳо, иштироки фаъол дар машғулиятҳои дарсӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ дар Донишгоҳ ва хобгоҳҳои он маслиҳату тавсияҳо доданд.