ВОХӮРИИ КОМИССИЯИ ЭКСПЕРТӢ БО УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ

111

Дар доираи талаботи аккредитатсияи байналмилалӣ комиссияи экспертӣ бо устодону кормандон ва донишҷӯёни факултетҳои марбутаи Донишгоҳ суҳбатҳо доир намуданд. Зимни вохӯриҳо масъалаҳои марбутаи илмию таълимӣ ва дурнамои рушти ихтисосҳои дахлдори Донишгоҳ (баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит, менеҷмент, иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, журналистика, тадқиқоти геологӣ, иктишофи геологӣ ва иктишофи конҳои фоиданок, информатика, забонҳои муосири хориҷӣ (англисӣ), филологияи тоҷик, забон ва адабиёти рус, стоматалогия (дараҷаи бакалавр)) мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таваҷҷуҳи комиссияи экспертӣ дар самти табодули устодону донишҷӯён, имкониятҳои таҳсил дар дохил ва хориҷи кишвар ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ бештар буд, ки дар ин самтҳо раёсати Донишгоҳ дастовардҳои назаррасро соҳиб гаштааст.