ВОХӮРИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО САФИРИ КОРЕЯ

126

Имрӯз ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Насриддинзода Э.С. Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсок ва намояндагони Институти кореяшиносиро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҷонибҳо дар доираи созишномаи нави ҳамкорӣ, ки дар арафаи имзошавист, ҷиҳати таъсиси Маркази омӯзиши забони кореягӣ дар пояи Донишгоҳ, имконият ва талаботи марказ, сайқал додани сатҳи забондонии ҷавонон, ҷустуҷӯйи имтиёзҳо ба донишҷӯёни донандаи забонҳои хориҷӣ мубодилаи афкор намуданд.

Бояд таъкид намуд, ки чанде қабл ҷиҳати таъсиси Маркази омӯзиши забони кореягӣ миёни раёсати Донишгоҳ ва сафорати мазкур музокирот сурат гирифт ва дар нақша аст, ки бо мақсади рушди ҳамкориҳои илмию таълимӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак, эҷоди барномаҳои нави таълимӣ дар пояи Донишгоҳ Маркази омӯзиши забони кореягӣ таъсис дода шавад.

Ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузориҳо барои ташкили маркази мазкур ба мувофиқа омада, ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.