ВОХӮРИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО САФИРИ ИНДОНЕЗИЯ

606

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо сафири Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Моҳаммад Фаҷрол Раҳман вохӯрӣ анҷом дод. Дар мулоқот робитаҳои илмӣ, эҷодӣ ва омӯзишии ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Индонезия баррасӣ гардид.

Дар оғози суҳбат Хушвахтзода Қ.Х. меҳмони олиқадро бо таърихи донишгоҳ, сохтор ва ҳайати устодону кормандон, вазъи кунунии таълиму тадрис, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар донишгоҳ ошно намуда, зикр кард, ки дар ДМТ вобаста ба талаботи замон дар бештари ихтисосҳо кадрҳои лаёқатманд омода карда мешаванд ва ҳамкории ДМТ бо давлатҳои хориҷӣ дар ҳоли рушд қарор дорад.

Меҳмони олиқадр ҳадафи ташрифи худро таҳким бахшидани ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии Индонезия бо ДМТ арзёбӣ намуда, роҷеъ ба имкониятҳои марказҳои илмию таълимии Индонезия, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Индонезия суханронӣ кард.

Дар охир ҷонибҳо ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.