ЗАМОНАҲО ДИГАР, АММО ХОТИРАҲО ДИГАР НАМЕШАВАНД…

310

Таърих гувоҳ аст, ки сарнавишти ҳаёти рӯҳбахши ҷомеаи инсон ҳеҷ гоҳ беқиёфаву бесимо ба охир намерасад. Барои ҳамин дар саҳифаҳои таърих санаҳои хотиравӣ, номи абадзиндаи шахсони муътабар, бунёдкориҳо, ғалабаи бузург бо қатъияти том, пирӯзиҳо бо кандакориҳои пурҷилои меъморӣ дарҷ ёфта, хотираи рӯҳафзою ибратбахши онҳо барои наслҳои оянда чун шамъи рӯшноӣ дар фазои торикӣ пос дошта мешавад. Ғалаба бар фашизм (солҳои 1941-1945) аз ҷумлаи он санаҳои хотиравӣ дониста мешавад, ки тули 78 сол ин ҷониб ҳамчун ҷашни пураҳамият барои башарият таҷлил мешавад. Дар Тоҷикистон ҳам мардум дар рӯҳияи башардӯстона ва такя ба анъанаҳои бошукӯҳи насли ка¬лонсол ин идро ҷашн мегиранд.

Ба истиқболи ин ҷашни таърихӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷамъомади идона дар Боғи Ғалабаи пойтахт баргузор шуд, ки дар он ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., собиқадорон ва ҷанговарони башардӯст бо зумрае аз кормандони ДМТ иштирок доштанд. Бо баргузории як нишасти хотиравӣ дар ошхонаи «Ориёно»-и Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ ба ҷанговарони башардӯст аз ҷониби Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони ДМТ ҳамчун туҳфа як миқдори муайяни маблағ супорида шуд.

Ҳамзамон, ба хотири афзун намудани ҳисси ватандўстии ҷавонон дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён вохӯрии ҷанговарони башардӯст бо донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Зимнан таъкид шуд, ки ҷасорату мардонагӣ ва ватандӯстиву хештаншиносии тоҷикон дар ин набардҳо – солҳои 1941-1945 сабақомӯз аст. Зеро замонаҳо дигар, аммо хотираҳо ҳеҷ гоҳ дигар намешаванд…