Кафедраи кимиёи органикӣ

дотсент, Раҷабов С.И.

Кафедраи химияи органикӣ яке аз кафедраҳои асосии факултети химия буда, соли 1961 ташкил шудааст ва аввалин мудири он н.и.х., дотсент Нӯъмонов Э.У. (баъдтар Нӯъмонов Э.У., д.и.х., профессор, академики АИ ҶТ, директори Институти химияи ба номи В.И. Никитини АИ РСС Тоҷикистон) буд. Кафедраро аз соли 1961 то соли 1965 н.и.х., дотсент Нўъмонов Э.У., аз соли 1965 то соли 1976 н.и.х., дотсент Зегелман А.Б., аз соли 1976 то соли 1987  н.и.х., дотсент Юсупов Т.Ю., аз соли 1987 то соли 2009 д.и.х.,  профессор  Холиқов Ш.Х. аз соли 2009 то соли 2017 н.и.х., дотсент Қодиров М.З. сарварӣ намудаанд. Аз моҳи майи соли 2017 инҷониб сарварии кафедраро н.и.х., дотсент Раљабов С.И. ба уҳда дорад. 

Дар марҳилаи ташкилшавии кафедра дар баробари мудири кафедра будани Нӯъмонов Э.У., ки дар ним баст кор мекард, боз ду омӯзгор – Зегелман А.Б., Ҳабибуллоева О.К., ҳамчунон дар њаљми 0,5 њисса профессор, д.и.х., академики АИ РСС Тоҷикистон собиқ ноиби президенти АИ ҶТ Порошин К.Т. ва 2-нафар лаборант Дударева М.Ф. ва Маруфӣ Х.М. кор мекарданд. Баъдан фаъолияти кафедра васеъ шуда, шумораи устодон низ афзуд. Соли 1971 дар он 10 омӯзгор дар баст (воњид)-и асосӣ, устодон – Юсупов Т.Ю. (дотсент соли 1971), Зегелман А.Б. (дотсент соли 1969), Холиқов Ш.Х. (дотсент соли 1971), Алиева С.В. (дотсент соли 1984), Кимсанов Б.Ҳ. (дотсент соли 1971), Ҳабибулоева О.К. (дотсент соли 1971), Сидоренко В.К. (дотсент соли 1971), Бурибаева З.Б. муаллими калон, Ишанова Х.Ҳ. муаллими калон ва  Рудаков Ю.С. муллими калон кор мекарданд.

Бо қарори раёсати Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) моҳи марти соли 1992 дар асоси кафедраи химияи органикӣ,  кафедраи пайвастаҳои калонмолекулӣ ва технологияи химиявӣ ташкил гардид.

Имрӯз кафедраи химияи органикї дорои базаи васеи таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ буда, дар он 11 нафар устодон – мудири кафедра, н.и.х.,  дотсент Раљабов С.И., д.и.х., профессор Холиқов Ш.Х., н.и.х., дотсентон: Алиева С.В., Саидов С.С., Ашуров С.Ѓ., Қодиров М.З., н.и.х., ассистент Султонмамадова М.П., ассистетон: Шоев С.Ҳ., Шарипова Д.А., Рањимова Њ. ва  Зафаров С.З.  кор мекунанд. Дар қатори устодон 5 нафар кормандони ёрирасон: мудири лабораторияи таълимӣ – Тағоева Г.М. ва лаборантҳо: Назарова З.И., Комилова Т., Валиева Ф. Таѓоева У.А.   низ  ба кори таълиму тарбия машғуланд.

         Дар баробари корҳои таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ устодон ва кормандони кафедра барои беҳтар намудани сифати таълим корҳои методиро низ иҷро менамоянд. Устодони кафедра якқатор китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ таълиф намуда, ба табъ расонидаанд:  «Реаксияҳои ҷойивазкунии электрофилӣ ва нуклеофилӣ дар пайвастҳои ароматӣ», «Кимиёи органикӣ», «Муқаддимаи назарияи синтези органикӣ» (тарҷума), «Синтез бо ёрии пайвастҳои металлорганикӣ», «Основы современной органической химии», «Тест аз химия», «Химия», «Химияи органикӣ», «Биотехнология ва нанотехнология», «Корҳои лабораторӣ аз химияи органикӣ», «Реаксияи конденсатсия ва таутомерияи пайвастҳои карбонилӣ», «Оксидшавӣ», «Корҳои амалӣ аз химияи органикӣ», «Реакции восстановления в органической химии», «Маълумотҳои ибтидоӣ аз кимиёи органикӣ», «Нишондодҳои методӣ доир ба кимиёи узвӣ» (тарҷума), «Лабораторные работы по органической химии», «Кимиёи органикӣ», «Асосҳои назарияи кимиёи узвӣ», «Нишондодҳои методӣ ва маҷмӯи саволу масъалаҳои санҷиш (тест) аз «Кимиёи органикӣ», Корњои лабораторї аз химияи органикї.

       Барои такмили савияи дониш устодон  Юсупов Т.Ю., Зегелман А.Б., Холиқов Ш.Х., Алиева С.В., Кимсанов Б.Ҳ., Ҳабибулоева О.К., Сидоренко В.К., Бурибаева З.Б., Ишанова Х.Ҳ,  Рудаков Ю.С. ва дигарон чандин маротиба курси такмили ихтисосро дар Донишгоҳи давлатии ба номи М.В. Ломоносови ш. Москва, Пажӯҳишгоҳи технологии ба номи Ленсовети ш. Санкт-Петербург (собиқ Ленинград), Пажӯҳишгоҳи химияи органикии ба номи Б.А. Арбузови ш. Қазон, инчунин мактабҳои умумииттифоқӣ оид ба химияи органикии дар шаҳрҳои Москва, Уфа, Тошкент воқеъ буда ва инчунин дар Институти химияи ба номи В.И. Никитини АИ ҶТ гузаштанд.

Барои роҳбарии корҳои курсӣ, дипломӣ ва аспирантҳо, инчунин барои хондани курсҳои махсус олимони Академияи илмҳои ҶТ ва олимони пешбари Иттиҳоди Шӯравӣ ба кафедра ҳамчун ҳамкор даъват мешуданд. Масалан, Шибнев В.А. д.и.х., профессор (ш. Москва, АИ ИҶШС); Темникова Т.И. д.и.х., профессори ДДЛ (Санкт–Петербург); Михантйев Б.И. д.и.х., профессори ДДВ (ш. Воронеж) ва кормандони Институти химияи АИ РСС Тоҷикистон, академик, д.и.х. Никитин В.И., д.и.х. Калонтаров И.Я., номзадҳои илми химия: Глазунова Е. М., Буриченко В.К., Давидянц С.Б., Тулаганов А.И., Румянцева З.А. ва  Носиров И.М. ба ҳамкорӣ даъват карда шуда буданд.

Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар кафедра дар солҳои аввали ташкилшавӣ ва имрӯз низ хуб ба роҳ монда шудааст. Натиҷаи корҳои илмӣ-тањқиқотӣ буд, ки устодони кафедра Холиқов Ш.Х., Юсупов Т.Ю., Исмоилов М.И., Кимсанов Б.Ҳ., Ишанова Ҳ.Ҳ., Бурибаева З.Б. рисолаҳои номзадии худро дар Шӯрои диссертатсионии тахассусии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ҳимоя намуданд. Аспиранти кафедра Алиева С.В. таҳти роҳбарии академик Прокофев М.А.  рисолаи номзадии худро дар шаҳри Москва (ДДМ) ҳимоя кард.  Дар Шӯрои диссертатсионии тахассусии Институти химияи АИ ҶТ устодон: Валиев Р., Собиров М.М., Ашуров С.Ғ, Саидов С.С., Қодиров М.З. ва Иброҳимов Д.Э. таҳти роҳбарии профессор Ш.Х. Холиқов  рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият дифоъ намудаанд. Дотсенти кафедра Кимсанов Бурӣ Ҳакимович рисолаи доктории худро моҳи декабри соли 1987 дар мавзӯи «Производные глицерина. Синтез, реакции, свойства, области применения» бо ихтисоси 02.00.03-химияи органикӣ дар Пажўҳишгоҳи нефти шаҳри Уфа бомуваффақият ҳимоя намуд. Моҳи декабри соли 1991 дотсенти кафедра Холиқов Ш.Х.  дар Донишгоҳи технологияи маҳини химиявии ш. Москва  рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Синтез и структурно-функциональное исследование пептидов и полипептидов регулярного строения» бо ихтисоси 02.00.10-химияи биоорганикӣ, химияи моддаҳои фаъоли табиӣ ва физиологӣ дифоъ намуд. С.И. Раљабов соли 2009 тањти роњбарии дотсент Юсупов Т.Ю. рисолаи номзадии худро дар мавзўи «Синтези њосилањои аминокислотагї-пептидии эпихлоргидрин, моно- ва дихлоргидрини глитсерин»-ро дар Шўрои диссертатсионии Институти химияи ба номи В.И. Никитини АИ ЉТ аз рўйи ихтисоси 02.00.03-Химияи органикї        њимоя намуда, дар соли 2019 номбурда рисолаи доктории худро дар мавзўи «Синтез, омўзиши реаксияи боњамтаъсиркунии њосилањои глитсерин бо аминокислотањо, пептидњо, фуллерен С60 ва соњаи истифодаи онњо»-ро дар Шўрои диссертатсионии 6D КОА-003-и назди Донишгоњи миллии Тољикистон аз рўйи ихтисоси 02.00.03-Химияи органикї њимоя намуд.

Соли 1978 бо фармони Кумитаи давлатӣ оид ба илми назди Шӯрои Вазирони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар назди кафедра гурӯҳи илмӣ-тадқиқотии «Пептид» кушода шуд, ки роҳбарии илмии онро дотсент  Холиқов Ш.Х. ба уҳда дошт. Ҳоло бошад ин гурӯҳи илмӣ дар назди Институти илмӣ-таҳқиқотии  Донишгоҳ фаъолият дошта, роҳбарии онро профессор Холиқов Ш.Х. давом дода истодааст. Дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи химия ин гурӯҳи илмӣ саҳми калон гузоштааст. Чандин натиҷаҳои илмии ин гурӯҳ дар истеҳсолот ва раванди таълим амалӣ гардидаанд. Соли 1988 яке аз маводи ҳосилкардаи гурӯҳ бо ихтирооти №1356430 аз 01.08.1987 ҳамчун иммуностимулятор дар Пажӯҳишгоҳи паразитологияи шаҳри Москва ва клиникаи он амалӣ гаштааст. Олимони гурӯҳ соли 2002 дар якҷоягӣ бо  Вазорати  тандурустии ҶТ мумиёро дар шакли хока коркард намуда, ҳамчун дору дар намуди ғилофак (капсула) барои табобат пешниҳод намуданд.

Дар баробари такмили  раванди таълим ва коркарди тарзу усулҳои нави омӯзонидани курсҳои тахассусӣ дар соҳаи химияи органикӣ  корҳои илмӣ-тањқиқотии кафедра дар мавзӯи «Синтези полиаминокислотањо, пептидњо дар асоси фуллерен-С60, пайвастањои комплексии аминокислотањою пептидњо, глитсеридњо ва тањќиќи хосиятњои онњо. Экстраксия ва тањќиќи маводи растанигї» ба роҳ монда шудааст, ки роҳбарии онро д.и.х., профессор Холиқов Ш.Х., ва н.и.х., дотсент Раљабов С.И.  ба уҳда дошта, аз ҷониби омӯзгорон Алиева С.В.,   Қодиров М.З., Саидов С.С.,  Ашуров С.Ғ., Султонмамадова М.П., Шоев С.Ҳ., Шарипова Д.А. Рањимова Њ., Зафаров С.З. ва муҳақќиқону аспирантони кафедра Ёров М.Ё., Кабирзода З.О., Шарипов Ф.Н. пеш бурда мешавад. Дар корҳои илмӣ-тањқиқотӣ донишҷӯёни курсҳои 2,3 ва 4-ум  низ фаъолона ширкат меварзанд. 

Аз ибтидои фаъолияти кафедра роҷеъ ба мавзӯоти илмии дар он иҷрошаванда, мутахассисони зиёде дар соҳаи химияи органикӣ тайёр карда шудааст. Аз ҷумла, 4 докторони илм ва қариб 37 номзади илмҳо, ки аксарияти онҳо хатмкунандагони факултети химияанд, мебошад.

Љаласаи Шўрои диссертатсионии 6D КОА-003-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Дар Шӯрои диссертатсионии 6D КОА-003-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аспирантон: Одинаев С.Х., Обидов Љ.М. ва Мустафоќулова Р.А. таҳти роҳбарии дотсент С.И. Раљабов  рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият дифоъ намуданд.

Дар кафедра бештар аз 750 корҳои дипломӣ аз тарафи донишҷӯён иҷро ва ҳимоя карда шудааст. Миқдори корҳои илмӣ дар кафедра (мақола, фишурдаи мақола, патент, ихтироот) бештар аз 1800 номгӯйро дар бар мегирад.

Барои коркард ва татбиқи технологияи равғани ангат гурӯҳе аз олимон, аз ҷумла дотсент Зегелман А.Б. (соли 1983) барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино шуданд.

Имрӯз дар кафедра фаъолияти педагогии устодон  дар самти  тайёр намудани мутахассисони соҳибмаълумот ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи омӯзиши пайвастҳои фаъоли биологӣ: пептидҳо, ҳосилаҳои пептидӣ ва аминокислотагии дофамин ва кислотаи атсетилсалитсилат, глитсеридњо, маводи доругии табиӣ, равғанҳои таркиби растаниҳо, маводи нанохимиявӣ ва фуллерен С60 давом дорад.

Ҳоло устодон ва кормандони кафедра дар мавзӯи «Синтези полиаминокислотањо, пептидњо дар асоси фуллерен-С60, пайвастањои комплексии аминокислотањою пептидњо, глитсеридњо ва тањќиќи хосиятњои онњо. Экстраксия ва тањќиќи маводи растанигї» корҳои илмӣ-тањқиқотӣ бурда, барои тайёр намудани мутахассисони ҷавони соҳаҳои гуногуни таълимї ва истеҳсолии ҷумҳурӣ пайваста кӯшишу ғайрат карда истодаанд.