Кафедраи информатика

Саидов Исроил Маҳмадович– мудири кафедраи Информатикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои физикаю математика.

ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРА

Кафедраи информатика яке аз падидаҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Кафедраи мазкур ҳамчун ҷузъи таълимиву илмӣ ва тарбиявии факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баҳри хоҷагии халқи мамлакат садҳо нафар мутахассисони баландихтисосро тайёр намуда, дар пешрафти иқтисодиёт ва илму фарҳанги кишвар саҳми муносиб гузоштааст.

Кафедра соли 1991 таъсис ёфта, аз рӯи ихтисоси «Информатика» – 31030400 мутахассис тайёр мекунад. Дар кафедра имрӯз 14 нафар омӯзгор ба фаъолияти илмиву педагогӣ фаро гирифта шудаанд. Сарварии онро номзади илмҳои техникӣ Саидов И. ба уҳда дорад.

Тайи солҳои 1991-2012 роҳбарии кафедраро Арбоби илму техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор М.Қ. Юнусӣ ба уҳда дошт. Аз соли 2013 то 2015 доктори илмҳои физикаю математика, профессор, академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ Комилов Ф.С. роҳбарии кафедраро ба уҳда дошт. Аз соли 2015 то 2018 номзади илмҳои физикаю математика Ҷалилов Х.М. ба кафедра роҳбарӣ намудааст. Кафедра аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш ҳамкориҳои илмиву таълимиро бо кафедраҳои ҳамсони мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ва ҷаҳон ба роҳ мондааст.

Тайёр намудани мутахассисони дараҷаи илмидошта яке аз самтҳои афзалиятноки кафедра ба ҳисоб меравад. Дар солҳои фаъолияти кафедра якчанд устод, аспирант ва тадқиқотчӣ-унвонҷӯи он рисолаҳои номзади илмро дафоъ намудаанд. Ҳар сол дар кафедра конфронсҳои анъанавии илмӣ-назариявии устодон ё байналмилалӣ оид ба масъалаҳои муосири информатика ва технологияи иттилоотӣ баргузор мегардад, ки дар бахшҳои он муҳаққиқону устодони кафедра, дигар кафедраҳои донишгоҳ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, макотиби олии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ иштирок мекунанд. Устодони кафедра борҳо дар конгресу конференсияҳои байналмилалии дар хориҷ ва дохили мамлакат баргузоргардида бо маърӯзаҳои илмӣ баромад кардаанд.

Дар кафедра семинари илмии устодон ва маҳфилҳои илмӣ-таълимии донишҷӯён амал мекунанд, ки дар онҳо ба ғайр аз устодони соҳибтаҷриба, инчунин мутахассисони ҷавон ва донишҷӯён фаоъолона иштирок мекунанд. Шогирдони пешқадами кафедра ҳар сол дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ, озмунҳои илмии донишҷӯён ва барномаҳои тадқиқотӣ-озмунӣ иштирок намуда, ҳатман ғолиби ин озмунҳо дониста мешаванд.

Мувофиқи барномаи рушди кафедра барои солҳои 2014-2020 кафедраи информатика бояд натанҳо ба ҳайси ҷузъи таълимӣ, балки ҳамчун як маркази эҷодии илмӣ ва фарҳангие фаъолияташро ба роҳ монад, ки он дар соҳаи дониш, коркарди консепсияҳои гуногун, назарияҳои мухталифи илмӣ ва эҷоди технологияҳои навин, дар қатори пешқадамтарин кафедраҳои донишгоҳу донишкадаҳои мамалакат мавқеи сазовори худро дарёбад.

Кафедра самтҳои афзалиятноки фаъолияти худро чунин муайян кардааст:

  • таълимӣ – тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯйи тақозои замон ва талаботи бозор, табдил ёфтан ба яке аз марказҳои асосии таълимии ҷумҳурӣ дар самти информатика;
  • илмӣ – дар асоси анъанаҳои беҳтарини ватанӣ ва хориҷӣ, бо назардошти талаботу хусусиятҳои ҷумҳурӣ, нигоҳ доштан ва васеъ намудани потенсиали (захираи нерӯи ақлонӣ) илмӣ дар самти информатика;
  • инноватсионӣ – табдил додани кафедра ба маркази рушди инноватсионӣ дар соҳаи информатика ва дастовардҳои илмӣ;
  • фарҳангӣ – бо роҳи фароҳам овардани муҳити муайяни маънавӣ, ба яке аз марказҳои фарҳангӣ табдил шудани кафедра.