ТАЪСИРИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ БА ҶОМЕАИ МУОСИР

11

Барои рушди ҳар як давлату миллат мавҷуд будани фазои осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ омили асосӣ ба шумор меравад. Имрӯзҳо рушди кишварҳои ҷаҳонро бе истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Вале, мутаасифона имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротӣ шабакаи интернетро яке аз воситаи асосии таъсиргузорӣ ба ҷомеаи осоишта, ҷалби шаҳрвандон, бахусус ҷавонони ноогоҳ аз мақсадҳои зишти онҳо, ба истилоҳ механизми мағзшӯиро истифода намуда истодаанд.

Дар мубориза ба ҷанги иттилоотӣ ва эмин мондан аз таъсири идеологияи ифротӣ имрӯзҳо танҳо кишваре метавонад ноил шавад, ки сиёсати хирадмандона ва ваҳдатпарваронаро пеша карда бошад ва манфиатҳои халқро аз ҳама пеш гузошта бошад.

Таърихи истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизи мо гарчанде, ки ҳоло солҳои зиёдеро паси сар накарда бошад ҳам, аллакай дар худ таҷрибаи ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи рӯ ба рӯ бо гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистиро дорад. Барқарор намудани сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ барои кишвари мо ба осонӣ ба даст наомадааст.

Ҳоло 25 адад ҳизбу ҳаракатҳо тибқи ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ (иттиҳоди экстремистӣ) эътироф карда шуда, фаъолияташон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Мафҳуми терроризм калимаи лотинӣ буда, маънояш тарс, таҳлука, воҳимаро ифода мекунад, ки ташкилот, гурӯҳҳо ва ё шахсони алоҳида онро барои амалӣ кардани ҳадафҳояшон ба кор мебаранд.

Имрӯзҳо душманони миллати тоҷик худро фарзандони асили ин миллат муаррифӣ намуда, аз хориҷи кишвар бо истифода аз шабакаи интернет аз маблағҳои барои мақсадҳои нопокашон аз хоҷаҳояшон ба даст омада байни мардуми осоиштаи Тоҷикистон мехоҳанд ҷудоиандозӣ намоянд. Онҳо бо ин амали нопокашон мехоҳанд ба ҷомеаи ободу осоишта ва ватани обод, ки тули 35 соли истиқлол аз кишвари ҷангзадаву валангор, мардумаш гуреза ва қашшоқ имрӯзҳо ба кишвари пешрафтаву обод табдил ёфтааст боз ҳодисаҳои солоҳои 90-умро гардон намоянд.

Тағйиротҳо ва пешравиҳову ободиҳо, ки имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишварамон мушоҳида карда мешавад, танҳо ба чашми кур наметобанд, вале ашхоси соҳиби ду чашми бино онро нодида гирифта истодаанд.

Ин пешравӣ ва ободиҳо натиҷаи заҳматҳои 35 солаи Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Президенти маҳбубамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Ба хоинони миллат чунин эрод намудан мумкин, ки онҳо барои ободии замини кишвар ҳатто як ниҳол сабз накардаанд. Ҳунарашон танҳо дастовардҳои азими кишварро нодида гирифтан ва ҷустуҷӯйи камбудиҳои кучак мебошад. Агар онҳо номусу виҷдон дошта бошанд ба худ чаро фикр ва хулоса намекунанд, ки агар ба ватан хизмат карда наметавонанд, аққалан бояд халал нарасонанд. Онҳо бо ин амалашон байни мардум якдигарнофаҳмиро ба вуҷуд оварда, магар фикр намекунанд, ки ба рушд ва ваҳдату ягонагии миллат метавонанд халал расонанд.

Албатта имрӯзҳо аллакай мардуми шарифи кишвар, бахусус ҷавонон аз мақсадҳои ин гурӯҳҳои ифротгар огоҳанд ва тӯҳмату баромадҳояшон дар сомонаҳои иҷтимоӣ наметавонад заррае ба амният ва ваҳдату ягонагии кишвар халал ворид намояд.

Яке аз чунин нафарон Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ҳамчун мухолифини саҳроӣ, душмани халқи тоҷик маъруф аст, дар яке аз кишварҳои Аврупо паноҳгоҳи сиёсӣ гирифтааст. Ин “шахс” дар шабакаи интернет худро ҳамчун шахсе, ки миллати тоҷикро дӯст медорад муаррифӣ намуда, бо ҳар гуна наворҳои бардуруғ мехоҳад байни мардуми кишвар ҳисси бадбинӣ пайдо намояд. Аз гуфтаҳои бардурӯғи ин шахс танҳо шахсони бесаводу беҳунар, аз сиёсат бехабар, саводи кофии сиёсӣ надошта ва гумроҳ метавонанд бовар намуда, ба доми фиребу найранг печанд. Албатта кори чандинсолаи ин шахси бешараф заррае натавонист ба ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон таъсирбахш бошад, чунки танҳо аз суханони пуч ва туҳмату иғвоангезӣ иборатанд. Албатта пешравиҳо ва дастовардҳои нав ба нави Тоҷикистон боиси ғамгин гаштани ӯ ва ҳамфикронаш гаштааст.

Ҳоло хушбахтона Тоҷикистон ба кишваре табдил ёфтааст, ки худро метавонад аз таҳдиди ҳар гуна омилҳои беруна, аз ҷумла ба монанди ҷанги иттилоотӣ, ки аз тарафи душманони миллат пеш бурда мешаванд эмин нигоҳ дорад.

Мо боварии комил дорем, ки дар шароити истиқлолият ва сулҳу ваҳдати миллӣ Тоҷикистон солҳои минбаъда низ бо маром рушд намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳад гашт.

Имрӯзҳо ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар бомаром амалӣ гашта истодаанд ва имкон фароҳам оварда истодаанд, ки шароити зисту некуаҳволии мардум сол аз сол беҳтар гардад.

Мо мардуми Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони бурунмарзӣ аз мавҷудияти Ватани обод бояд имрӯз шукргузор бошем ва ҳар як нафар дар алоҳидагӣ бояд кӯшиш намояд, ки дар ободонии кишвар саҳмгузор бошад.

Азиззода Зубайдулло Абдулло,

доктори илмҳои тиб, декани факултети тиббии ДМТ