ВУСЪАТЁБИИ ҲАМКОРИҲО БО ДОНИШГОҲҲОИ ХОРИҶИ КИШВАР

9

Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар заминаи сиёсати созандаву маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар сол ба сол густариш ёфта, барои рушди илму маориф, табодули дониш ва таҳкими робитаҳои академӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд.

Дар доираи рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои илмӣ-таҳсилотӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқоти муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М. ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ғаффорзода И.Ғ. бо ректори Донишгоҳи техникии Москва оид ба алоқа ва информатика Ерохин Сергей Дмитриевич ва ҳайати ҳамроҳони ӯ баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои муҳимми рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои илм, маориф ва фаъолияти байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ҷонибҳо доир ба роҳ мондани табодули академии донишҷӯён ва омӯзгорон, баргузории конфронсҳои муштараки илмӣ, таҳияи мақолаҳои илмии муштарак ва нашри онҳо дар маҷаллаҳои бонуфузи илмӣ, инчунин иштироки донишҷӯён ва муҳаққиқон дар мактабҳои тобистона ва зимистона мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон, масъалаҳои ба роҳ мондани барномаҳои таҳсилоти дудиплома, табодули муҳаққиқон ва олимон, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки байналмилалӣ ва рушди ҳамкорӣ дар самти раддабандии байналмилалии донишгоҳҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Зимнан ҷонибҳо бо мақсади таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои минбаъда Ёддошти ҳамкорӣ ва Протоколи ҳусни тафоҳум ба имзо расонида шуданд.

Имзои санадҳои мазкур қадами муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-таҳсилотӣ, густариши робитаҳои академӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Москва оид ба алоқа ва информатика ба ҳисоб меравад.