ТАҚДИМИ ДИПЛОМҲОИ АЪЛО БА ХАТМКУНАНДАГОНИ ДОНИШГОҲ

12

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун маркази бузурги илмию таълимӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ дар баланд бардоштани маърифату худшиносии миллӣ, таҳкими ҳисси ифтихори ватандорӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос мақому манзалати хосса дорад.

Ин нукта имрӯз (02.10.2026) зимни маросими супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ таъкид гардид.

Ба ин муносибат, дар толори калони шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими қасамёдкунии хатмкунандагони факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ ва стоматология, инчунин маросими супоридани дипломҳои аълочӣ ба хатмкунандагони ихтисосҳои дахлдори Донишгоҳ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ба 486 нафар хатмкунандаи Донишгоҳ, ки таҳсилро бо баҳои аъло ва интизоми намунавӣ ба анҷом расонидаанд, дипломҳои аълочӣ супорида шуд.

Дар оғози чорабинӣ Суруди миллӣ садо дода, баъдан ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин хатмкунандагонро самимона табрик намуда, таъкид дошт, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар омода намудани мутахассисон барои соҳаи гуногуни иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда дорад. Гуфта шуд, ки Донишгоҳ дар самти татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешсаф мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ устоди факултети филология, профессор Солиҳов Мирзо, аз номи устодони Донишгоҳ хатмкунандагони аълохонро табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ комёбиҳои назаррас таманно кард.

Зикр гардид, ки дипломи аъло натиҷаи заҳмати пайваста, масъулиятшиносӣ, талоши донишандӯзӣ ва иштироки фаъолонаи донишҷӯ дар ҳаёти илмию таълимии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Соҳиб шудан ба чунин диплом барои ҳар як хатмкунанда на танҳо мояи ифтихор, балки масъулияти бештар дар назди ҷомеа ва Ватан маҳсуб меёбад.

Дар идомаи чорабинӣ хатмкунандагони факултетҳои факултетҳои тиббӣ – фарматсевтӣ ва стамотология, тибқи анъанаи неки соҳаи тиб, савганди садоқат ёд карданд.

Сипас хатмкунандаи факултети тиббӣ Раҳимова Замира ва хатмкунандаи факултети ҳуқуқшиносӣ Саидшозода Шукрулло аз номи хатмкунандагон ва гирандагони дипломҳои аъло суханронӣ намуда, ба роҳбарияти Донишгоҳ, устодон ва кормандон барои дастгирӣ, таълиму тарбия ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил изҳори сипос карданд.

Дар идомаи чорабинӣ таҳти мусиқии рамзӣ намунаи дипломи аъло ба саҳна ворид гардид ва ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. ҳамроҳ бо садорати факултетҳо ба хатмкунандагон димломҳои сурхро супориданд.

Ёдовар мешавем, ки дар тантанаи супоридани дипломҳои аъло роҳбарияти сохторҳои гуногуни Донишгоҳ ва волидайну наздикони чанде аз хатмкунандагон иштирок доштанд.