Ҳадаф аз ташриф ва мулоқоти ректори Донишгоҳи Партаминаи Индонезия, доктор Буди Суджипто бо Донишгоҳи миллӣ ва мулоқот бо муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим Хоҷазода Т.А. ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба буд.
Дар оғоз Хоҷазода Т.А. меҳмони олиқадро бо таърихи донишгоҳ, сохтор ва ҳайати устодону кормандон, вазъи кунунии таълиму тадрис, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар донишгоҳ ошно намуд. Зимни вохӯрӣ муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Мирзамонзода Х. аз имконияту дастовардҳои илмии ДМТ бо давлатҳои хориҷӣ ва шарту шароити он муфассал суханронӣ намуд.
Меҳмони олиқадр ҳадафи ташрифи худро ба донишгоҳ ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмию таълимӣ арзёбӣ намуда, роҷеъ ба фаъолияти Донишгоҳи Партаминаи Индонезия суханронӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки Донишгоҳи Партамина давоми чор сол мешавад, ки фаъолият дорад. Он аз 8 факултет, аз он ҷумла факултетҳои физика, математика ва муҳандисӣ иборат мебошад. Донишгоҳ дар айни замин ба сӣ муассисаҳои олии давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад.
Дар охир ҷонибҳо таъкид карданд, ки ин мулоқот барои ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои гуногун такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Мулоқот бо супоридани туҳфаҳои хотиравӣ ва ба имзо расонидани «Ёддошт»-и тафоҳум ба анҷом расид.