Мудири кафедраи метеорология ва климатология, д.и.к., узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Норматов И.Ш.
Барои тайёр кардани мутахассисон ва таъмини кадрҳои соҳибмаълумоти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ аз ҳисоби ҷавонони маҳаллӣ бо дастгири ҳамаҷонибаи давлату ҳукумати соҳибистиқлоли Тоҷикистон соли 1995 дар назди факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ихтисоси нав – метеорология ба фаъолият оғоз намуд. Ин пешниҳоди раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби аз ҷониби Вазири маориф Б.Додхудоева, Вазири иқтисод И.Давлатов ва президенти Академияи илмҳо У.Мирсаидов ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, ихтисоси метеорология кушода шуд. Ихтисоси метеорология аввалан дар назди кафедраи физикаи атому ҳаста, ки мудирии онро дотсент А.Саломов бар дӯш дошт, ба фаъолияти худ оғоз намуд. Сипас, аз ҳисоби як зумра устодони факултет барои ин ихтисос кафедраи метеорология таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро солҳои 1998-2009 д.и.ф.-м., узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Ф.Х. Ҳакимов бар ӯҳда дошт. Устодони аввалини кафедра профессор Ф.Х. Ҳакимов, дотсентон З. Низомов, М. Нуралиев, А. Қурбонов, устодони ҳамкорон М. Сафаров, Ҷ. Байдуллоева, А. Ҳамидов, О. Мирзохонов ва ассистентон Р. Подшоев, С. Мирзохонова, З. Куканиева буданд. Соли 2009 ихтисоси метеорология ба кафедраи астрономия (мудири кафедра, профессор Ибодинов Х.И.) ҳамроҳ карда шуд. Соли 2014 бо пешниҳоди садорати факултети физикаю раёсати ДМТ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедра аз нав бо номи кафедраи метеорология ва климатология эҳё гардид, ки мутахассисони ояндаро дар ин самт омода менамояд. Ҳоло сарварии кафедраро аз соли 2014 то ба ҳол д.и.к., узви вобастаи АИ ҶТ, профессор И.Ш. Норматов ба ӯҳда дорад. Айни замон дар кафедраи метеорология ва климатология як профессор (Норматов И.Ш.), як муаллими калон (н.и.ф.-м. Шарипов Ҷ.Г.), се ассистент (н.и.т., Мирзохонова С.О., Қурбонов Н.Б., Муминов А.О.) ва як муҳандис (Одинаев Қ.О.) фаъолият доранд. Нақшаи гузариши омӯзгорони кафедра аз курсҳои такмили ихтисос комилан дуруст ба роҳ монда шуда, дар давоми панҷ соли фаъолияти кафедраи метеорология ва климатология ҳамаи омӯзгорон аз курсҳои мухталифи такмили ихтисос гузаштанд. Омӯзгорони кафедра Норматов И.Ш. соли 2015, Мирзохонова С.О. соли 2016, Шарипов Ҷ.Г. соли 2016, Муминов А.О. соли 2017, Одинаев Қ.Н. соли 2017 ва Қурбонов Н.Б. соли 2018 аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд.
Дар баробари гузариш аз курсҳои такшмили ихтисоси назди ДМТ, як қатор омӯзгорони кафедра курсҳои такмили ихтисосро дар муассисаҳои олии касбии хориҷ аз кишвар гузаштанд. Масалан, ассистенти кафедра Мирзохонова С.О. тирамоҳи соли 2015 курси пурраи такмили ихтисоси назди Хадамоти федералӣ оид ба гидрометеорология ва мониторинги муҳити зисти Россия гузашт ва тобистони соли 2018 курси такмили ихтисоси назди Хадамоти миллии гидрометеорологии Қазоқистонро хатм намуд. Ассистенти дигари кафедра, Норматов П.И. соли 2017 дар озмуни Барномаҳои грантии таълимии ИМА (Fulbright) барои олимон ғолиб омада, давоми як сол дар Донишгоҳи Колорадои шаҳри Боулдер таҳсил намуд. Ассистент Қурбонов Н.Б. моҳи июни соли 2018 курси такмили ихтисоси назди Гурӯҳи байниҳукуматии экспертҳо оид ба тағйирёбии иқлимиро (IPCC), ки дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, хатм намуд. Ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар кафедра хеле назаррас буда, дар се соли охир се рисолаи номзадӣ дифоъ гардид ва ду рисолаи дигар барои дифоъ ба шӯроҳои диссертатсионӣ пешниҳод шуданд. Мисол, ассистент П.И. Норматов дар синни 26 соли 2016 дар Донишгоҳи давлатии гидрометеорологии Россия, муаллими калон Ҷ.Г. Шарипов дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2017) ва ассистент С.О. Мирзохонова дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ (2019) рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд. Устодони дигари кафедра Қурбонов Н.Б. ва Муминов А.О. рисолаҳои номзадии худро омода карда, барои дифоъ ба шӯроҳои диссертатсионии назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ ва Донишгоҳи давлатии гидрометеорологии Россия пешниҳод карданд. Имрӯз дар кафедраи мазкур беш аз 60 нафар ҷавонон пайи таҳсил буда, роҳбарияти факултет ва донишгоҳ барои пешбурди кори он тадбирҳои заруриро меандешиданд. Дар баробари ин, бо роҳбарии устодони кафедра донишҷӯёни ихтисоси метеорология ва климатология бо корҳои илмию тадқиқотии хеш на танҳо дар озмуну конфронсҳо донишгоҳию ҷумҳуриявӣ, балки байналмилалӣ ширкат меварзанд. Масалан, соли 2017 донишҷӯёни кафедра Нормаҳмедова З.О. (роҳбари дуюм, ассистенти кафедра Қурбонов Н.Б.) ва Одинаев Қ.Н. (роҳбараш ассистенти кафедра Муминов А.О.) дар Озмуни ҷумҳуриявии илмӣ-тадқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ – «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» сазовори ҷойҳои якум ва сеюм гардиданд. Донишҷӯи кафедра Машрабов А.А. (роҳбараш ассистент Қурбонов Н.Б.) соли 2018 дар озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» сазовори ҷойи сеюм гардид. Ҳамчунин, соли 2017 донишҷӯ Восидов Ф.Қ. дар баробари дигар донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар экспедитсияи илмии донишҷӯён, ки дар пиряхҳои ҷанубии Қирғизистон доир гардид, иштирок намуд. Соли 2018 донишҷӯи кафедра Шарифова Т.А. (роҳбар ассистент Муминов А.О.) бо кори илмиаш дар мавзӯи «Инновационный подход решения проблемы загрязнения рек с проблемами техники изотопной гидрологии» дар озмуни беҳтарин корҳои иноватсионӣ байни донишҷӯён иштирок карда, сазовори ҷойи сеюм гардид. Ҳамчунин, соли хониши 2018-2019 се донишҷӯи кафедра Раҷабов Ҳакимҷон, Машрабов Алиҷон ва Нормаҳмедова Зарнигор мавзӯи рисолаҳои дипломии худро, ки (роҳбаронашон Норматов И.Ш. ва Қурбонов Н.Б.), дар озмуни байналмилалии илмию тадқиқотии донишҷӯён таҳти унвони «Тадқиқоти донишҷӯён дар идоракунии устувори захираҳои табиии Осиёи Марказӣ» пешниҳод намуда, ғолиб омаданд ва ба дарёфти гранте бо маблағи 1500$ мушарраф гардиданд. Илова бар ин, дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён – «Метеорологи ҷавон» амал менамояд, ки роҳбарии онро ассистент Н.Б. Қурбонов ба ӯҳда дорад. Аллакай, моҳи октябри соли 2019 чанде аз аъзои маҳфили «Метеорологи ҷавон», донишҷӯёни курси дуюм Мираков А., Алиев А. ва Мирзоалиев Ш. (роҳбарашон Н.Б. Қурбонов Н.Б.) дар аксияҳои пиряхҳо дар мавзӯъҳои «Пиряхҳои Тоҷикистон дар раванди тағйирёбии иқлим» (11.10.2019, Сафорати Ҷумҳурии федеролии Олмон дар Душанбе) ва «Пиряхҳои худро ҳифз менамоем» (25.10.2019, Маркази омӯзиши пиряхҳои назди АИ ҶТ) иштирок ва маърӯзаҳои пурмуҳтамое намуданд.
Кафедраи метеорология ва климатология бо марказҳои бонуфузи илмии хориҷа, ба монанди Донишгоҳи Колорадо (ш. Боулдер, ИМА), Донишгоҳи давлатии гидрометеорологии Россия (ш. Санкт-Петербург), Институти масъалаҳои оби АИ ФР (ш. Москва), Институти географияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон (ш. Алмато), Донишгоҳи Қазоқистону Олмон (ш. Алмато) ва Институти масъалаҳои об ва гидроэнергетикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон (ш. Бишкек) ҳамкориҳои илмӣ дорад. Бо ташаббуси бевоситаи кафедраи метеорология ва климатология ва дар ҳамкорӣ бо Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ ду конфронси байналмилалӣ дар мавзӯъҳои «Таъсири тағйирёбии иқлим ба компонентаҳои экосистема» (17-18 майи соли 2017) ва «Идоранамоии хатарҳои алоқаманд ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» (26-27 сентябри соли 2018) гузаронида шуд. Дар солҳои 2014-2017 кафедра иҷрокунандаи лоиҳаи байналхалқии Маркази байналмилалии илмӣ ва технологӣ (МНТЦ) дар самти коркарди технологияи истеҳсоли маводи энергияи барқароршаванда буд. Ҳамин тавр, кафедра дар давоми фаъолияти худ беш аз 250 нафар мутахассисонро омода намудааст, ки аксари онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ фаъолияти пурсамар доранд.