Кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо

мудири кафедра

н.и.ф.м, дотсент

Азамов Аслиддин Замонович

  • Раҳмонов ЗаруллоҲусенович, математик, доктори илмҳои физикаю математика, академики Академияи илмҳоиҶумҳурии Тоҷикистон. Соли 1982- факултети механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломаносовро хатм намудааст. Солҳои 1985-1996 ассистент, муаллими калон, дотсент ва профессори кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои ДМТ. Мудири кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои ДМТ(1996 – 2007) ва аз соли 2007 профессори кафедра. Номзади илмҳои физикаю математика (1986). Доктори илмҳои физикаю математика (1996). Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000). Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017). Бо медали «20-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофонида шудааст. Раванди корҳои илмию тадқиқотии ў ба муаммоҳои алгебра, назарияи ададҳо ва назарияи функсияҳои махсус бахшида шудааст.

ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРА

Кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо соли 1969 ташкил шудааст. Асосгузор ва мудири аввалини он риёзидони машҳури соҳаи алгебра ва назарияи ададҳо, профессор Ѓафур Бобоев буданд. Минбаъд роҳбарии кафедраро доктори илмҳои физикаю математика, профессор Исмоилов Д. И. (1995 – 1996); академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Раҳмонов З.Ҳ. (1996 – 2007); номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Собиров А. Ш. (2007 – 2011); ва номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Бобоёров Ш.К. (2011 – 2016) ба ўҳда доштанд.

Аз соли 2016 кафедраро номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Азамов А.З. роҳбарӣ мекунад.

Дар айни замон дар кафедра 7 – нафар устодон кор мекунанд, ки аз онҳо 1 – нафарашон доктори илм, академики АИ ҶТ ва 6 – нафарашон номзадҳои илм мебошанд. Устодони кафедра ба донишҷўёни факултаҳои механикаю математика ва физика аз фанҳои алгебра ва назарияи ададҳо, геометрияи аналитикӣ, алгебра ва геометрия, математикаи дискретӣ, мантиқи математикӣ ва курсҳои махсусро аз рўи ихтисоси алгебра ва назарияи ададҳо дарс мегўянд.

Корҳои илмӣ – тадқиқотиро кормандони кафедра аз рўи мавзўи «Тақсимшавии қиматҳои функсияҳои арифметикӣ» иҷро мекунанд. Масоили асосии тадқиқоти илмӣ тақсимшавии қимматҳои суммаҳои арифметикӣ ва хосиятҳои ададии ба он вобаста, ки ба масъалаҳои классики назарияи ададҳо алоқаи зич доранд, мебошад. Аз рўи натиҷаи корҳои илмӣ – тадқиқотӣ кормандони кафедра зиёда аз 100 корҳои илмиро дар маҷаллаҳои илмии байналхалқии тақризшаванда дарҷ намудаанд.

Кафедра ба Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов ва Институти математикаи ба номи В.А. Стеклов алоқаи хуби илмӣ дорад. Дар доираи инҳамкорӣ тадқиқотҳои муштараки илмӣ, мубодилаи итилоотии илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ иҷро карда мешаванд.

Кафедра самтҳои афзалиятноки фаъолияти худро чунин муайян кардааст:

таълимӣ  – тайёр намудани мутахассисони баландихтисосиҷавобгӯйи тақозои замон;

илмӣ  – дар асоси анъанаҳои беҳтарини ватанӣ ва хориҷӣ, бо назардошти талаботу хусусиятҳоиҷумҳурӣ, нигоҳ доштан ва васеъ намудани потенсиали илмӣ дар самти алгебра ва назарияи ададҳо;