Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сазовор гардидани 10 ҷойи ифтихорӣ дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ таҳти унвони “Пояи давлат намонад бемаориф устувор…”, ки рӯзҳои 16-17 майи соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид, дар ду равия сазовори ҷойи АВВАЛ гардид.
4 ҷойи 1-ум: химия, фалсафа, сиёсатшиносӣ, забон ва адабиёти тоҷик.
4 ҷойи 2-юм: физика, назарияи иқтисодӣ, педагогикаи умумӣ, забони русӣ.
2 ҷойи 3-юм: таърих, забони англисӣ.