Имрӯз (05.09.2026) дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид.
Дар маросими мазкур як қатор омӯзгорону кормандони Донишгоҳ барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи илму маориф, фаъолияти самаранок, меҳнати содиқона ва хизматҳои шоиста ба Ватан бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.
Мукофотҳои давлатиро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Дилрабо Мансурӣ ба соҳибони мукофотҳо тақдим намуд.
Маросими тантанавӣ дар фазои баланди идона ва рӯҳияи ватандӯстона баргузор гардида, ифодагари эҳтиром ва арҷгузорӣ ба заҳмати аҳли илму маориф ва хизматҳои арзандаи онҳо дар роҳи пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Дар оғози маросим ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, меҳмони гиромиро ба Донишгоҳи миллӣ хайрамақдам гуфта, аз таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи илму маориф ва кормандони ин соҳаи муҳим ёдовар шуд.
Таъкид гардид, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ барои рушди низоми маориф, таҳкими заминаҳои илмӣ-таълимӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти аҳли илму маориф тадбирҳои пайваста амалӣ карда мешаванд. Қадршиносии хизматҳои омӯзгорону кормандони Донишгоҳи миллӣ дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи таваҷҷуҳи хосаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин боргоҳи илму маърифат мебошад.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Дилрабо Мансурӣ зимни суханронӣ таъкид намуд, ки мукофотҳои давлатӣ дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ на танҳо нишони қадршиносӣ, балки ифодагари эътирофи саҳми арзандаи шахсони содиқу масъулиятшинос дар рушди давлат ва ҷомеа мебошанд.
Зикр гардид, ки дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тӯли 35 сол натиҷаи меҳнати содиқона, масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ ва фаъолияти созандаи мардуми кишвар мебошад. Дар ин раванд, аҳли омӯзгорону кормандони Донишгоҳ ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон ва омодасозии мутахассисони баландихтисос нақши муҳим доранд.
35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми кишвар ҷашни муқаддас ва рамзи дастовардҳои бузурги давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Дар ин давра Тоҷикистон роҳи таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва боло бурдани мавқеи хешро дар арсаи байналмилалӣ тай намуд.
Қадрдонии шахсоне, ки бо фаъолияти созанда ва меҳнати содиқонаи худ дар пешрафти кишвар саҳми арзанда мегузоранд, дар арафаи ин ҷашни фархунда аҳамияти хос дошта, барои насли ҷавон намунаи ибрат ва омили муҳимми таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ мебошад.
Дар доираи маросими тантанавӣ 14 нафар омӯзгорону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Ин қадршиносии давлатӣ саҳми арзандаи омӯзгорону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар рушди илму маориф, тарбияи насли ҷавони худогоҳу ватандӯст, омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва таҳкими арзишҳои миллӣ бозгӯ менамояд.
Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ дар омода намудани кадрҳои баландихтисос, рушди илмҳои бунёдӣ ва амалӣ, таҳкими иқтидори зеҳнии кишвар ва тарбияи ҷавонони созандаву масъулиятшинос саҳми назаррас дорад.
Дар фарҷоми маросим роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои чунин қадршиносии арзишманд ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдории самимӣ баён намуданд.
Таъкид карда шуд, ки чунин қадршиносӣ барои ҳар як омӯзгор ва корманди Донишгоҳ масъулияти бештар ҷиҳати иҷрои рисолати касбӣ, тақвияти фаъолияти илмиву таълимӣ ва идомаи хизмати содиқона ба Ватанро ба миён мегузорад.
Устодону кормандони бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозгардидаи Донишгоҳ изҳор доштанд, ки ин қадршиносиро ҳамчун нишони эҳтироми давлат ба фаъолияти онҳо қабул намуда, минбаъд низ тамоми неру ва донишу таҷрибаи худро баҳри рушди илму маориф, тарбияи насли наврас ва ҷавони кишвар ва ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол равона хоҳанд кард.








