ОН КИ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО…

2136

Имрӯз (24.12.2020) роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ ба Мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Ҳисор кумаки хайриявӣ супорид.

 Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону маъюбон аз ҷониби ашхоси хирадманд амалӣ карда мешавад. Тавре Пешвои миллат иброз доштаанд: «Иҷрои амалҳои солеҳ, аз қабили хайру эҳсон аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои инсониву имонӣ дониста шудааст».

Тайи солҳои охир аз ҷониби сохторҳои гуногуни давлатӣ дар самти дастгирии ятимону бепарасторон тадбирҳои муҳим андешида мешавад ва, хушбаштона, кумак ба ятимону бепарасторон ва одамони эҳтиёҷманд яке аз хислатҳои шахсони хирадманду хайрхоҳ дониста шудааст.

Боиси хушнудист, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ин анъанаи инсондӯстона бо ҳиммату масъулияти баланд ҳамасола риоя мешавад. Ин дафъа низ бо ташаббус ва иқдоми хайрхоҳонаи ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба хонандагони Мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Ҳисор маводи хӯрокворӣ (равған, шакар ва ғайра), либоса (намудҳои гуногуни пояфзол ва либоси рӯйпӯши зимистона: писарона ва духтарона), маҳсулоти лозимаи таълимию майишӣ (Парчам, компютер, принтер, мошинаи ҷомашӯйӣ – 1 дона, фурӯзонакҳо, хокаи ҷомашӯйӣ …), 1000 ниқоби яккаратаи тиббӣ ва туҳфаҳои солинавӣ кумаки хайрия расонида шуд.

Зимни супоридани кумаки хайриявӣ намояндагони ДМТ, таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва намояндагони Ҳукумати шаҳри Ҳисор ба аҳли омӯзгорон ва хонандагони Мактаб-интернат фарорасии Соли нави мелодиро табрик намуда, маводи хайрияро ба масъулини мактаб-интернат супориданд.

Дар идома ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба таълимгирандагон либосҳои зимистона ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд. Таълимгирандагони Мактаб-интернат ба ҳозирин шеърҳо дар мавзӯи ватандӯстӣ қироат карданд.

Бояд зикр намуд, ки имрӯз чеҳраҳои кӯдакони маъсум аз дидани чунин туҳфаҳо болида буд. Намояндагони ДМТ ба онҳо шириниҳои идонаро медоданду аз аҳволи онҳо мепурсиданд. Қисме аз хонандагон бо чеҳраи хандон миннатдорӣ баён мекарданду қисме ашки шодӣ мерезонданд.

Аз ин иқдоми раёсати ДМТ тамоми кӯдакон хурсанд шуданд. Диретори Мактаб-интернат Б.Шарофова ба раёсати донишгоҳ ва намояндагони он изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки ҳамасола дар ҳама ҷашну маросимҳо ба ин таълимгоҳи низомаш махсус аз ҷониби Сарвари давлат, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва хусусан муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, ёрӣ мерасонанд.

Фазои нишотовару хушнудӣ таълимгоҳро фаро гирифта буд ва ба ҳар нафар бинанда беихтиёр байти Шайх Атторро ба хотир меовард:

Он ки хандонад ятими хастаро,

Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.