16 ҶОЙИ ИФТИХОРИИ ДАСТАИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

264

Имрӯз дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе даври шаҳрии ду озмуни ҷумҳуриявӣ – «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ва ««ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ» ҷамъбаст гардида, ғолибон аз ҷониби масъулини шаҳрдорӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон ва дар амал татбиқ намудани Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» миёни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ, қоллеҷҳо, инчунин, миёни муҳаққиқони риштаҳои гуногуни илм (устодону кормандон ва аспирантону докторантон) озмуни мазкур ба роҳ монда шудааст.

Дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯйи наминатсияҳои гуногун: математика, физика ва астрономия, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, география ва ихтироъкорӣ иштирок намуда, бо ғолиб гардидани 16 ҷойи ифтихорӣ (3 ҷойи 1-ум, 5 ҷойи 2-юм, 8 ҷойи 3-юм) даста сазовори ҷойи АВВАЛ гардид.

Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дастаи ғолибро табрик намуда, ҷиати иштирок даври ҷумҳурияӣ муваффақиятҳо таманно намуд.

Аз рӯйи номинатсияи математика (арифметика, алгебра, геометрия)

Ҷойи 1. Муҳибулло Қосимов – донишҷӯйи курси 4-уми факултети механикаю математика;

Ҷойи 2. Шоҳин Исматов – донишҷӯйи курси 3-юми факултети механикаю математика ва Ҳошифзода Муҳаммадҷони Диловар – донишҷӯйи курси 2-юми факултети молиявию иқтисодӣ.

Аз рӯйи номинатсияи физика ва астрономия

Ҷойи 2. Садриддин Мирзоев – донишҷӯйи курси 4-уми факултети физика ва Саидҷони Обидҷон – донишҷӯйи курси 2-юми факултети молиявию иқтисодӣ.

Аз рӯйи номинатсияи химия

Ҷойи 2. Азизбек Мираҳимов – донишҷӯёни курси 2-уми факултети химия;

Ҷойи 3. Шукрулло Машрабов – донишҷӯи курси 3-юми факултети химия.

Аз рӯйи номинатсияи биология (ботаника, анатомия)

Ҷойи 2. Ҳасани Абдураҳмон – донишҷӯйи курси 4-уми факултети биология;

Ҷойи 3. Фотима Шоинова – донишҷӯйи курси 2-юми факултети муштараки ДМТ бо МТОК-и Беларус.

Аз рӯйи номинатсияи технологияҳои иттилоотӣ

Ҷойи 1. Абубакридин Ҳомидов – донишҷӯйи курси 4-уми факултети механикаю математика;

Ҷойи 3. Аминзода Нодир – донишҷӯйи курси 2-юми факултети механикаю математика;

Аз рӯйи номинатсияи география

Ҷойи 1. Хоҷаева Фарида – донишҷӯйи курси 2-юми факултети молиявию иқтисодӣ;

Ҷойи 1. Зарифзода Ҷаҳонгир – донишҷӯйи курси 2-юми факултети молиявию иқтисодӣ;

Ҷойи 1. Фаридун Қориев – донишҷӯйи курси 4-уми факултети геология.

Аз рӯйи номинатсияи ихтироъкорӣ (байни устодону кормандон ва унвонҷӯёну докторантон)

Ҷойи 3. Ёрмамадова Саврибегим – дотсенти кафедраи химияи татбиқии факултети химия ва Раҳмонов Афзунмеҳр – ассистенти кафедраи технологияи фарматсевтӣ ва фармакологияи факултети фарматсевтӣ.

Ғолибият муборак!