ҲАМОИШҲО ДАР САМТИ РУШДИ ИЛМУ ИСТЕҲСОЛОТ: Гузориш аз «Ҳафтаи илм»-и донишгоҳ

684

Давлат ва Ҳукумат илмро ҳамчун омили пешбарандаи ҷамъият арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъдаи он ва беҳтар кардани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои судманд меандешад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Ҳамасола Донишгоҳи миллии Тоҷикистон «Ҳафтаи илм»-ро бо баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, докторантону магистрҳо ва донишҷӯён таҷлил мекунад. “Ҳафтаи илм”-и имсола дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бо иштироки васеи устодону кормандон баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ, ки санаи 20-уми апрел баргузор гардид, дар назди толори калони донишгоҳ намоиши китобҳои нав ва маводи чопии тозанашри донишгоҳ, ки масъулин дар алоҳидагӣ онҳоро манзури бинандаҳо карда буданд, шукуҳу шаҳомати «Ҳафтаи илм»-ро зиёда гардонд.

Дар оғоз ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҳозиринро ба толори донишгоҳ хайрамақдам гуфта, изҳор намуд, ки конференсияи имсоларо бахшида ба ҷашнҳои 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 110 – солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, 110 – солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, Сотим Улуғзода ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» доир мегардад.

Ректори донишгоҳ, Хушвахтзода Қ.Х. дар идомаи суханронии хеш изҳор дошт, ки “Донишгоҳи миллӣ дар самти самаранокии илмӣ яке аз муассисаҳои пешбари илмӣ, на фақат дар сатҳи байнидонишгоҳӣ, балки дар сатҳи ҷумҳуриявӣ буда, дастовардҳо ва ихтирооту навгониҳои донишмандону эҷодкорони ин даргоҳ муаррифгари илми тоҷик дар хориҷ аз кишвар мебошад».

Сипас маърӯзаҳо аз ҷониби декани факултети иқтисод ва идора Ҳ. Исайнов “Иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон: 30 соли дастовардҳо ва муаммоҳои рушди устувор”, декани факултети механикаю математика Х.Самиев “Истиқлолияти давлатӣ ва дурнамои рушди давлатдории тоҷикон”, доктори илмҳои филологӣ А.Кӯчарзода “Мирзо Турсунзода – сафири сулҳ”, доктори илмҳои физикаю математика Ф.Каримов “Таҳқиқоти муосири геофизикӣ” ва доктори илмҳои таърих Сайфуллои М. ““Тоҷикон”-и Б.Ғафуров ва марҳилаҳои худшиносии тоҷикон” ироа гардиданд.

Кормандони эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» (Шарифзода Ҷ. – муовини сармуҳаррири нашрия ва Холов М.-хабарнигор) тасмим гирифтанд, ки бо роҳбарии намояндагони Раёсати илми донишгоҳ дар рафти конференсияҳо иштирок намояд. Тибқи имконият онҳо дар аксари конференсияҳои факултетҳо, аз ҷумла факултетҳои геология, ҳуқуқшиносӣ, забонҳои Осиё ва Аврупо, филология, тиббию фарматсевтӣ, молиявию иқтисодӣ, баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ ва кафедраҳои умумидонишгоҳии педагогика, фалсафа ширкат варзида, мушоҳидаҳо нишон доданд, ки «Ҳафтаи илм» дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

Конференсия аз 20-ум то 27-уми апрели соли равон идома ёфт ва дар он наздик ба 4000 маърӯза ба нақша гирифта шуд.

Имрӯз (27.04.2021) дар ҷаласаи васеъи устодону кормандони донишгоҳ натиҷаи конференсияи «Ҳафтаи илм» баррасӣ гардид. Дар ибтидо, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М. доир ба гузаронидани нақша-чорабиниҳои илмӣ-амалӣ дар донишгоҳ изҳори ақида намуда, афзуд, ки дар конференсияи мазкур аз ҷониби устодон 1298 маърӯза ва аз ҷониби магистрону донишҷӯён 2208 маърӯза мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки дар конференсияи ҷумҳуриявии имсола маърӯзаҳои илмии устодону кормандон, докторантону магистрон ва донишҷӯён доир ба масъалаҳои мухталифи илмҳои табиатшиносию ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарию иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. «Умед аст, ки маърӯзаҳои дар ин конференсия ироашуда барои ҳалли масоили гуногуни илмӣ то як дараҷа мусоидат намуда, дар оянда баҳри инкишофи соҳаҳои мухталифи илм ва ба ҳам пайвастани илму истеҳсолот заминаи хубе фароҳам меоварад»,- мегӯяд Сафармамадзода С.М..

Дар анҷом маърӯзаҳо аз ҷониби декани факултети филология С. Эмомалӣ «Тасвири муҳити хонавода дар насри Сотим Улуғзода», доктори илмҳои химия М.Раҳимова «Хосиятҳои биологии комплексҳои металлҳои интиқолӣ ва ҷанбаҳои татбиқи онҳо», номзади илмҳои тиб М.Абдуллоева «Бемории сил: муаммои ҷаҳонӣ ва ҳалли мултисоҳавии он», номзади илмҳои биология Ф.Пулотов «Мукаммалсозии технологияи истеҳсоли ваксинаи поливалентӣ бар зидди клостридиозҳо» ва магистри соли 2-юми факултети ҳуқуқшиносӣ Ф. Бобоев «Рушди қонунгузории миллӣ дар даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардиданд.

Гуфта мешавад, ки маърӯзаҳо дар шакли маҷаллаи махсус нашр ва дастраси хонандагон хоҳад шуд.