2021: ЧАНД ДАСТОВАРДУ РӮЙДОДҲОИ ТАЪРИХӢ ДАР ДМТ

748

Соли 2021 барои ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи миллӣ соли таърихӣ ва фаромӯшнашаванда мебошад. Дар ин сол дастовардҳои таърихӣ ва рӯйдодҳои муҳим рӯйи кор омаданд, ки онҳо дар таърихи донишгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд. Ҳама дастоварду навгониҳо аз коргузорӣ ва ибтикороти созандаи роҳбари аввали он, ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. шаҳодат медиҳанд, ки ҳамагӣ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст.

Инҷо чанде аз он дастоварду рӯйдодҳои таърихиро манзури хонандагони закӣ менамоем, ки онҳо дарсоли сипаришуда камчин мебошанд.

1. Санаи 22 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бинои нави таълимии факултетҳои иқтисодии донишгоҳ, Осорхонаи Пешвои миллат дар ДМТ ва бинои 12-ошёнаи хобгоҳи рақами 8-и донишгоҳро ифтитоҳ намуданд, ки даҳумин сафари Президенти кишвар ба донишгоҳ буд.

2. Агентии аккредитатсионии аврупоии “ЕККА” санаи 27.01.2021 донишгоҳро мувофиқ ба талаботҳо ва стандартҳои таҳсилоти аврупоӣ эътироф намуда, бо Сертификати мутобиқат сарфароз гардонид.

3. 15 декабр ширкати британиягии «Quacquarelli Symonds (QS)» рейтинги донишгоҳҳои беҳтарини Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ- 2022 (QS World University Rankings: EECA (Emerging Europe and Central Asia)-ро нашр кард. Тибқи раддабандӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар байни 450 донишгоҳи беҳтарин ҷойи 241-умро ишғол намуд.

4. Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 20-умин солгарди таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада буд, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ вохӯрӣ намуд, ҳамзамон, узви ифтихории шӯрои Олимон ва доктори фахрии ДМТ пазируфта шуд.

5. Санаи 20-уми октябр ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳамроҳии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ дар пояи Институти илмӣ таҳқиқотии донишгоҳ Озмоишгоҳи нанотехнологияро мавриди истифода қарор доданд.

6. Бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо КВД «Тоҷикдипсервис» боздиди сафирони давлатҳои хориҷии муқими шаҳри Душанбе аз Донишгоҳи миллӣ ва Осорхонаи Пешвои миллат ба роҳ монда шуд, ки дар он намояндагони 16 сафорати давлатҳои хориҷӣ, инчунин, консулҳо, кордори сафорат ва намояндагони ВКХ ҶТ боздид намуданд.

7. Санаи 2-юми ноябри соли 2021 дар назди хобгоҳи №6-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Маҷмааи маишӣ-хизматрасонии «Сафои донишҷӯ» мавриди истифода қарор дода шуд.

8. Номзади илмҳои техникӣ, устоди кафедраи химияи татбиқии факултети химияи ДМТ Давлатмамадова Мавлуда дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони 50 давлати дунё ки чанде пеш дар шаҳри Дуҳаи Давлати Қатар баргузор гардид, бо ихтирои худ: «Технологияи коркарди Талк ва истифодаи он дар соҳаи фарматсевтӣ» иштирок карда, сазовори ҷойи дуюм, мукофотпулӣ ва медали нуқра гардид.

 9. Ассистенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии донишгоҳ Сулаймонова Азмина Муминҷоновна дар озмуни «Беҳтарин олими ҷавони ИДМ-2021», ки дар доираи 3-юми нашри байналмилалии китоби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҷониби Ассостсиатсияи байналмилалии олимони ҷавони Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, иштирок ва ғолиби омада, соҳиби шаҳодатнома, диплом ва метали тиллои «Беҳтарин олими ҷавони ИДМ-2021» шуд.

10. Бо дастури ректори донишгоҳ аз 1-уми январи соли 2021 музди меҳнати устодону кормандони донишгоҳ дар ҳаҷми 10% зиёд карда шуд. Чунин иқдом зимни ҳисоботи навбатӣ аз 01.09.2022 пешниҳод гардид.

11. Бо ташаббуси Ректори донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва ба ин васила беҳтар намудани сифату самаранокии таълим дар донишгоҳ озмуни «Факултети сол», «Кафедраи сол», «Омӯзгори сол», ва «Донишҷӯи сол» эълон гардид ва имрӯз ҷамъбаст шуд.

12. Санаи 31-уми марти соли 2021 дар доираи Намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Украина» як зумра роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Украина бо роҳбарии Вазири маориф ва илми Украина Сергей Шкарлет ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, созишномаҳо ва чанд ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

13. Санаи 13-уми марти соли 2021 дар АМИТ ҷамъбасти олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» доир гардид, ки Донишгоҳи миллӣ бо ғолиб омадани нуҳ ҷойи ифтихорӣ (аз фанҳои тахассусӣ ва ғайритахассусӣ) соҳиби «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» гардиданд.

14. Силсилавохӯриҳои таърихӣ. Бо мақсади ба низом даровардани раванди корҳои таълимию методӣ, густариши фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии омӯзгорон, тавсеаи корҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ, вусъат бахшидан ба фаъолияти байналмилалии донишгоҳ, сафарбар намудани омӯзгорону муҳассилини донишгоҳ ба корҳои созандагию ободкорӣ бо иқдоми ректори донишгоҳ тайи ду моҳ дар тамоми сохторҳои таркибии донишгоҳ суҳбат-вохӯриҳо гузаронида шуд, ки барои устодону кормандони донишгоҳ рӯйдоди муҳим буд.

 15. 23-юми ноябри соли 2021 бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ ва 65-солагии таъсисёбии нашрияи донишгоҳии «Ба қуллаҳои дониш» таҳти унвони «Инъикоси рамзҳои давлатӣ дар саҳифаи матбуотии донишгоҳ» ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар таърихи донишгоҳ бори дуюм аст чунин чорабинӣ (аввалин маротиба соли 2011, 55 солагии нашрия) баргузор шуд.

16. Дар соли ҷорӣ иқдом гирифта шуд, ки аз ҳисоби хобгоҳҳои донишгоҳ ба 25 нафар устодону кормандон хона дода шавад.

17. Зумрае аз донишҷӯуни факултети ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла донишҷӯйи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносӣ Абдураҳмонзода Шамил дар интернет-олимпиадаи байналмилалӣ ки аз ҷониби Донишкадаи байналмилалии мониторинги инкишофи демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон- давлатҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) дар соли 2021 иштирок намуда, аз байни 1213 донишҷӯ аз 107 донишгоҳи 18 давлати дунё сазовори ҷойи дуюм ва дипломи дариҷаи II гардид.

18. Донишҷӯёни донишгоҳ Икромзода Баракатулло- донишҷӯи курси якуми забонҳои Осиё ва Аврупо ва Саъдӣ Муҳаммадов –донишҷӯи курси якуми факултети таърих аз рӯйи намуди варзиши «Дзю-до» ки миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ки дар се сол як маротиба баргузор мегардад, сазовори ҷойи аввал, диплом ва медали тилло гардиданд.

Мураттиб – Иҳромов Т.Т..