22-УМИ ДЕКАБР – РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА

4

Ҳамасола тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 22 декабр дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи энергетика муқаррар шудааст. Энергетика соҳаи ҷудонашавандаи истеҳсолот ба шумор рафта, Тоҷикистон дар қатори дигар мамлакатҳои истеҳсолкунандаи энергияи «сабз» яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ буда, зиёда аз 60 дарсади захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ дар ҳудуди кишвар ташаккул меёбанд. Дар мавриди истифодаи самараноки ин иқтидор имкон фароҳам меояд, ки дар як сол 527 миллиард киловат/соат энергияи барқи аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол карда шавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи энергетика таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, таъмини истиқлолияти энергетикии кишварро яке аз ҳадафҳои стратегӣ муайян намудааст. Маҳз самараи ин сиёсати хирадмандона мебошад, ки имрӯз бо бунёди нерӯгоҳи азими барқии обии «Роғун» ва дигар неругоҳҳои хурду бузург таъминоти барқ дар кишвар беҳтар гардида, садҳо корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолияти пурсамари худро ба роҳ мондаанд.

Имрӯз Ҳукумати кишвар истиқлолияти энергетикии мамлакатро яке аз ҳадафҳои стратегӣ эълон намуда, барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ тамоми чораҳои судмандро андешида истодааст. Соҳаи энергетика яке аз бахшҳои калидӣ ва стратегии иқтисоди миллӣ ба шумор меравад, ки фаъолияти мунтазами он омили асосии пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ маҳсуб меёбад.

Заҳматҳои шабонарӯзии мутахассисони энергетика, ки дар шароити гуногуни табиӣ ва техникӣ масъулияти бузурги касбиро ба дӯш доранд, дар таъмини рушди устувори иқтисод, амнияти энергетикӣ ва зиндагии осоиштаи мардум нақши басо муҳим доранд. Маҳз бо талошу фидокории онҳо фаъолияти бемайлони корхонаҳо, муассисаҳо ва рӯзгори ҳаррӯзаи шаҳрвандон таъмин мегардад. Арҷгузорӣ ба хизмати содиқона ва касбияти баланди кормандони соҳаи энергетика нишонаи эҳтиром ба заҳмати ҳалолу пурмасъулият аст.

Дар ин рӯзи фархунда ба ҳамаи кормандону собиқадорони соҳаи энергетика тандурустии комил, хушбахтии оилавӣ, рӯҳбаландӣ ва дар иҷрои рисолати касбӣ барору комёбиҳои нав орзу менамоем. Бигзор нури заҳмати кормандони соҳа ҳамеша роҳи пешрафти Ватанро равшан нигоҳ дорад.

Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон