НАМОЯНДАИ САФОРАТИ ҶОПОН ДАР ДОНИШГОҲ

771

Имрӯз (16.06.2021) намояндаи Сафорати Ҷопон дар шаҳри Душанбе (муовини роҳбари намояндагӣ) Томонори Хасегава ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Мирзамонзода Хайрулло Мирзамон мулоқот намуд. Зимни мулоқот Мирзамонзода Х. М. меҳмонро бо вазъи имрӯзаи низоми таълим ва самту равияҳои тадқиқоти илмӣ дар донишгоҳ, инчунин, равобити ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ошно намуд.

Меҳмони олиқадр Томонори Хасегава мақсади ташрифи худро дар таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар самти омӯзиши забони ҷопонӣ, курсҳои забономӯзӣ, коромӯзии мутахассисон, омода намудани мутахассисон дар самтҳои гуногуни илму техника ва баргузории ҳамоишҳои илмию фарҳангии сатҳи гуногун арзёбӣ намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои гуногуни рушди ҳамкориҳо, дар мисоли ҳамкорӣ бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, табодули афкор намуда, изҳори боварӣ карданд, ки муносибатҳо ва ҳамкориҳои муштарак дар самтҳои гуногун боз ҳам вусъат меёбанд.