ҶОНИБДОРӢ АЗ ТАШАББУСИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ОБ

14

Имрӯз (16.06.2026) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С., бо муовинони ректор оид ба илм ва таълим, инчунин деканҳои факултетҳо баргузор гардид, ки зимни он Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2026 «Дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иштирокдорони вохӯрӣ таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обро ҳамчун иқдоми муҳимму саривақтӣ ва идомаи мантиқии сиёсати созандаву ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли масъалаҳои вобаста ба захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва пиряхҳо арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо пешниҳоди як қатор ташаббусҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005–2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028», «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 2025» ва Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосферӣ (2025–2034) мавқеи худро ҳамчун кишвари пешоҳанги ҳалли масъалаҳои глобалии об таҳким бахшидааст.
Дар ҷараёни вохӯрӣ дотсенти кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Саидзода Ҳ. бо маърӯзаи таҳлилӣ баромад намуда, аҳамияти сиёсӣ ва ҳуқуқии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дод. Ба андешаи ӯ, санади мазкур чор самти муҳимми сиёсати давлатӣ – ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори идоракунии захираҳои об ва ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба обу иқлимро дар бар мегирад.
Мавсуф иброз дошт, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об на танҳо як мукофоти соҳавӣ, балки паёми сиёсиву гуманистии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки арзишҳои илм, ҳамкорӣ, масъулияти экологӣ ва ҳамбастагии байналмилалиро тарғиб менамояд.
Ҳамчунин, дотсенти кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геология Шарифзода Г.В. дар маърӯзаи худ таъкид намуд, ки ҷоизаи мазкур барои дастгирии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар самтҳои захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва омӯзиши пиряхҳо заминаи мусоид фароҳам оварда, ба рушди илмҳои соҳавӣ ва таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Иштирокдорони вохӯрӣ маърӯзаҳои пешниҳодшударо муҳим арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо хусусияти умумибашарӣ дошта, ба зиндагии миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон таъсири мустақим мерасонанд. Аз ин рӯ, ташаббусҳои Пешвои миллат дар ин самт намунаи равшани сиёсати ояндабин ва инсондӯстона буда, ба таъмини рушди устувор ва ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда нигаронида шудаанд.
Зикр гардид, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти махсус дошта, барои муаррифии бештари дастовардҳои кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва ҳавасманд намудани олимону муҳаққиқон ҷиҳати анҷоми таҳқиқоти сатҳи баланд мусоидат хоҳад намуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокдорон ташаббуси навбатии Пешвои миллатро якдилона ҷонибдорӣ намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои ин иқдоми муҳим изҳор карданд.