3-умин форуми байналмиллалии ҷавонон оид ба газу нафт

1146

IPYF-2022

   Вазорати энергетикаи Федератсияи Россия ба нақша гирифтааст, ки таърихи 11.07.2022 – 17.07.2022 дар ш.Алметевски Ҷумҳурии Тотористон 3-умин форуми байналмиллалии ҷавонон оид ба газу нафт IPYF-2022-ро ташкил ва гузаронад.     Ба сифати иштирокчии форум ҷавонон, мутахасисони ҷавон, омузгорон ва олимони соҳавӣ баромад карда метавонанд. Ҳамзамон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба сифати яке аз иштирокчиёни форум даъват шудааст. Аз ин рӯ, аз тамоми ҳайати омузгорону профессорони ДМТ даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати гирифтани маълумоти бештар ба суроғаи электронии форум IPYF-2022 nesmindn@tatneft.ru ва ё сомонаи форум IPYF-2022 https://ssau.ru/events/1194-iii-mezhdunarodnyy-neftegazovyy-molodezhnyy-forum-ipyf-2022 шомил шуда, худро ҳамчун иштирокчи ба қайд гиранд. Вобаста ба ҳамагуна саволҳои ба миён омада метавоненд бевосита ба суроғаҳои дар боло ишорашуда муроҷиат намоед.