6 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ОЗМУНИ ШАҲРИИ «ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ»

92

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе миёни муҳассилини макотиби маёна ва олӣ, инчунин, ҷавонону наврасони касбу кори гуногун озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» аз рӯйи номиннатсияҳои гуногун баргузор гардид. Имрӯз зимни баргузории ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ, ки бахшида ба 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони Донишгоҳи миллӣ доир гардид, ғолибони номиннатсияҳо аз ҷониби масъулини мақомот қадрдонӣ шуданд.

Дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар номиннатсияҳои даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» бо соҳиб гардидани 6 ҷойи ифтихорӣ (3 ҷойи 1-ум, 2 ҷойи 2-юм ва 1 ҷойи 3-юм) сазовори ҷойи аввал гардид.

Аз рӯйи номиннатсияи «Эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе» Ёқубов Фаридун – донишҷӯйи курси 1-уми ихтисоси кори иҷтимоӣ сазовори ҷойи аввал, Насриддинова Раъно – донишҷӯёи курси 2-юми факултети муносибатҳои байналхалқӣ соҳиби ҷойи 2-юм.

Аз рӯйи номиннатсияи «Қироати шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе» Пирова Гулафзо – магистранти соли аввали факултети ҳуқуқшиносӣ сазовори ҷойи аввал, Каримзода Шаҳром – донишҷӯйи факултети журналистика  соҳиби ҷойи 2-юм ва Хуҷамқулова Шукрона – донишҷӯи курси 1-уми факултети ҳуқуқшиносӣ соҳиби ҷойи 3-юм.

Аз рӯйи номиннатсияи «Беҳтарин суруд дар  васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе» Суманзода Назира – хонандаи Литсейи равияи табиию риёзии донишгоҳ сазовори ҷойи 1-ум.

Ғолибият муборак!