РУШДИ ҲАМКОРИҲО БО ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТЕХНИКИИ БЕЛАРУС

8

Имрӯз (14.04.2026) дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба вохӯрии роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ректори Донишгоҳи миллии техникии Беларус, муҳтарам Харитончик Сергей Василевич баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба имкониятҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии техникии Беларус табодули афкор намуда, омодагии худро ҷиҳати таҳкими робитаҳои илмӣ ва таълимӣ изҳор доштанд. Масъалаҳои марбут ба гузаронидани ҳамоишҳои муштарак, табодули академии омӯзгорону донишҷӯён ва роҳандозии барномаҳои илмӣ низ яке аз мавзуъҳои суҳбат буданд.

Қабл аз вохӯрӣ меҳмонон аз Маркази биотехнология ва марказҳои омӯзишии Институти илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳ боздид намуда, бо имкониятҳо ва дастовардҳои илмию таҳқиқотии муассиса аз наздик шинос гардиданд.