9 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

425

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2022 ва амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳамчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар кишвар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» доир гардид.
Дастаи Донишгоҳи миллӣ дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» бо соҳиб гардидани 9 ҷойи ифтихорӣ (1 ҷойи 1-ум, 4 ҷойи 2-юм ва 4 ҷойи 3-юм) сазовори ҷойи аввал гардид.

ҶОЙИ АВВАЛ:
1.Сафаров Назаралӣ  – донишҷӯйи курси 4-уми факултети биология,  аз рӯйи номинатсияи биология (ботаника, анатомия).

ҶОЙИ ДУЮМ:
1.Ситамов Малик – донишҷӯйи курси 4-уми факултети механикаю математика, аз рӯйи номинатсияи математика (арифметика, алгебра, геометрия);
2.Қурбонзода Муҳсин Толибҷон – донишҷӯйи курси 2-юми факултети физика, аз рӯйи номинатсияи физика ва астрономия;
3.Сафаров Суруш – донишҷӯйи курси 2-юми ихтисоси идораи марказӣ ва мақомоти маҳаллӣ, аз рӯйи номинатсияи география;
4.Қурбонов Ҷумабой – магистранти соли 1-уми факултети химия, аз рӯйи номинатсияи химия.

ҶОЙИ СЕЮМ:
1.Миралиев Исмоил – донишҷӯйи курси 2-юми ихтисоси амнияти компютерӣ, аз рӯйи номинатсияи математика (арифметика, алгебра, геометрия);
2.Икромов Меҳриддин  – донишҷӯйи курси 3-юми фавултети химия, аз рӯйи номинатсияи химия;
3.Яҳёзода Наргиза Зубайдулло – донишҷӯйи курси 3-юми факултети биология, аз рӯйи номинатсияи биология (ботаника, анатомия);
4.Дӯсматзода Қурбоналӣ Иброҳим – донишҷӯйи курси 3-юми ихтисоси информатика, аз рӯйи номинатсияи технологияҳои иттилоотӣ.

Имрӯз ғолибони озмуни мазкур муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд, ҳамзамон аз ҷониби роҳбарияти ДМТ истиқбол шуданд. Гуфта мешавад, ки ғолибон қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Ғолибият муборак!