ҚАДРДОНИИ БЕҲТАРИН ДОВТАЛАБОН

356

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби донишандӯзии ҷавонон ва ҳавасманд кардани онҳо аз соли 2018 инҷониб довталабони беҳтаринро муайян ва қадрдонӣ мекунад.

Имрӯз (09.12.2022) бо мақсади анҷом додани маросими ҷоизасупорӣ дар толори калони ДМТ ҷамомади фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати маорифи ш. Душанбе (ва раёсатҳои маорифи вилоятҳо) ва Сарпарастон – шарикон корхонаи истеҳсолии “Сиёма”, ҶСП “Индиго Тоҷикистон”, ҶСП: нашриёти “Муосир” ҳузур доштанд.

Дар ҷамомади мазкур аз рӯи 2 номина ба 27 нафар ғолибон “Ифтихорнома”-и Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намод, ҳафтавори “Омӯзгор” бо замимааш, ки дар он акси ҳамаи 27 нафар довталабони беҳтарин бо маълумоти дахлдор ҷой дода шудааст. Дар сафҳаи дигар мақола марбут ба маросими қадргузории беҳтарин довталабон чоп шудааст, маҷмуи китобҳо, маблағи пулӣ, симкорт аз ширкати “Тселл” бо рақами нуқрагин, сертификат барои дарёфти нӯшобаҳои “Сиёма”, ҷоизаву мукофтоҳои пулӣ супорида шуд, ки аз онҳо 5 нафарашон донишҷӯёни ДМТ мебошанд: Бахтиёрзода Амина Бахтиёр, Шодизода Ҳусейнҷон Сафар, Одилова Басона Олимҷоновна, Юсуфов Амирҷон Умедович ва Неъматзода Маснун Мусо.

Ёдовар мешавем, ки туҳфаҳоро роҳбарият ва намояндагони сохторҳои болозикр супориданд. Дар охир аз тарафи ансамбли халқии “Наврӯз” –и ДМТ барномаи фарҳангӣ ба намоиш гузошта шуд.