ҲАФТ ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

300

Ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. бо ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» вохӯрӣ намуда, барои фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳои нав ба нав таманно намуд.

Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» миёни донишҷўён, магистрантон, докторантон аз рўи ихтисос (Ph.D) ва унвонҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Имрӯз бахшида ба Рӯзи илми тоҷик маросими ҷоизасупории ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» бо иштироки роҳбарони сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ доир шуд.

Тибқи хулосаву баҳогузории комиссияи экспертии озмун кори беҳтарини илмию тадқиқотӣ ва лоиҳаҳои ихтироотии донишҷӯёну магистрантон ва унвонҷӯёну докторантон аз рўи ихтисос (Ph.D) муайян гардида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ дониста шуданд.

Дастаи Донишгоҳи миллӣ дар озмунҳои мазкур иштирок намуда, соҳиби 7 ҷойи ифтихорӣ шуданд.

ҶОЙИ_ЯКУМ

1. Муҳибаи Саймумин -донишҷӯи курси сеюми ихтисоси биология, факултети биология;

2. Неъмонзода Бобоҷони Маҳмадраҷаб – донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси танзими давлатии иқтисоди миллӣ, факултети иқтисод ва идора;

3. Наимзода Сумаяи Содиқ – донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси дандонпизишкии факултети тиббӣ.

ҶОЙИ_ДУЮУМ

1. Таиров Муҳаммад Набиҷонович ва Кабирова Маҳноза Зафаровна –донишҷўёни курси 4-уми ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ, факултети муносибатҳои байналхалқӣ;

2. Абдураҳмонова Насиба – магистранти соли дуюми факултети молиявию иқтисодӣ (озмуни “Магистранти сол”, ҷойи 2);

3. Холов Сафаралӣ Бегиҷонович – докторант аз рӯи ихтисос (PhD), соли 3-юми факултети фарматсевтӣ.

ҶОЙИ_СЕЮМ

1. Сайдализода Дилноза Достӣ – донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси забони фаронсавӣ, факултети забонҳои Осиё ва Аврупо.

Ҳамзамон, дар ин чорабинӣ як қатор устодони Донишгоҳ бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ифтихорнома» ва «Сипоснома» – и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи илми тоҷик сарфароз гардиданд.

Муборак бошад!