ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲ ОҒОЗ ШУД

593

Ҳамасола дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чун анъана ҳафтаи сеюми моҳи апрел бо баргузории Конференсияи илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, докторантону магистрантон ва донишҷӯён – «Ҳафтаи илм» баргузор мегардад, ки дар он мавзуъҳои мубрами рӯз баррасӣ мешаванд.

Конференсияи имсола бахшида ба «Солҳои рушди саноат» (солҳои 2022-2026) ва «Бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» доир мегардад. Имрӯз дар қисми ифтитоҳии конференсия, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҳозиринро барои баргузории конференсияи мазкур табрик намуда, таъкид дошт, ки Донишгоҳи миллӣ дар самти самаранокии илмӣ яке аз муассисаҳои пешбари илмӣ, на фақат дар сатҳи байнидонишгоҳӣ, балки дар сатҳи ҷумҳуриявю байналмилалӣ буда, дастовардҳо ва ихтирооту навгониҳои донишмандону эҷодкорони ин даргоҳ муаррифгари илми тоҷик дар хориҷ аз кишвар гаштаанд. Гуфта шуд, ки дар конференсияи мазкур 2918 маърӯза аз ҷониби устодону кормандон, докторантону магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамин тавр, дар ифтитоҳи конференсия маърӯзаҳои доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории факултети иқтисод ва идора Т.Низомова «Таҳлили вазъи муосири соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян кардани равандҳои саноатикунонии босуръат», доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филология М.Солиҳов «Таҳаммулгароӣ дар «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ», номзади илмҳои химия, ассистенти кафедраи химияи физикӣ ва коллоидии факултети химия А.Самадов «Бузургиҳои термодинамикии реаксияи комплексҳосилшавии нуқра (I) бо тиомочевина ва ҳосилаҳои он дар маҳлулҳои обӣ» ва донишҷӯйи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносӣ Ш.Забиров «Раванди ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба рушди ҳуқуқи инсон» шунида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки конференсия то санаи 27-уми апрел идома хоҳад ёфт.