АФЗАЛИЯТ БА САМТИ КАСБОМӮЗӢ ВА ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ҶАВОНОН

305

Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ҳамасола чун анъанаи нек 1-уми сентябр ботантана гузаронида мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи дониш ва баргузории дарси сулҳро дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик маънидод намуда, роҷеъ ба дастовардҳои соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоии мамлакат – мактабу маориф изҳори назар менамояд.

Имрӯз (01.09.2023) Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи дониш ва дарси сулҳро дар бинои навсохт ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара таҷлил намуданд. Чун анъана имрӯз аҳли илму маориф, аз ҷумла ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо як руҳяи идона суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тариқи шабакаҳои телевизионӣ тамошо намуданд.

Пас аз суханронии Пешвои миллат дар толори калони шаҳраки донишҷӯён Рӯзи дониш чун анъанаи солҳои гузашта бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Дар ин санаи хотирмон намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода ба донишгоҳ ташриф овард.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҷамъомади тантанавиро ифтитоҳ намуд ва ҳузури меҳмон ва аҳли нишастро ба ин боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, аҳли нишастро ба муносибати Рӯзи дониш ва 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Зимнан ректори Донишгоҳ аз дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати сулҳпарваронаи Ҳукумати кишвар суханронӣ намуда, изҳор доштд, ки Ҳукумати мамлакат захираву имкониятҳо ва саъю талоши худро ба ин самти муҳимтарини иҷтимоӣ равона карда, барои илму касбомӯзӣ ва таълиму тарбияи наврасону ҷавонон тамоми шароити заруриро муҳайё сохтааст.

Муҳтарам Зариф Ализода зимни ироаи номаи табрикотӣ аз бар намудани илму донишро барои донишҷӯён вазифаи аввалиндараҷа номида, таъкид кард, ки устодон бояд кӯшиш намоянд, мутахассисони хуб ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯро ба камол расонанд.Ҳамзамон, дар ҷаласа академик Имомзода М.С. тамоми устодону донишҷӯёни донишгоҳро ба соли нави таҳсил шодбош намуда, дар робита ба дастгириҳои Пешвои миллат нисбат ба мактабу маориф ва рушди илму истеҳсолот ибрози андеша намуд.

Дар интиҳо намояндаи хатмкунандагони донишгоҳ – донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносӣ Кулматова Мадина ба хотири такмили минбаъдаи савияи дониш дафтарчаи имтиҳонӣ ва калиди рамзии донишгоҳро ба намоянда аз донишҷӯёни курси якуми донишгоҳ – донишҷӯйи факултети молиявию иқтисодӣ Фатоев Ҷамолиддин супорид.

Нишаст бо сухани хотимавӣ ва таманниёти неки ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва бо гирифтани акси хотиравӣ ба охир расид.