ҲАЙАТИ ИТТИҲОДИ КРИМИНАЛИСТОН ВА КРИМИНОЛОГҲО ДАР ДОНИШГОҲ

242

Дар заминаи баргузории конференсияи байналмилалии илмӣ-амалиии “Мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ дар фазои АвруОсиё” ҳайати Иттиҳоди криминалистон ва криминологҳо, ки аз олимону мутахассисони сатҳи байналмилалиро дар бар мегирифт, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, аз 09 то 14-уми майи соли ҷорӣ идома намуд.

Дар заминаи ин ҳамоиши байналмилалӣ дар пояи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Такмили қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида шуд. Дар кори ҳамоиш меҳмонони дохила ва хориҷа дар робита ба паҳлуҳои илми ҳуқуқшиносӣ, хусусан дар самти қонунгузорӣ маърузаҳо намуданд.

Аз ҷумла гуфта шуд, ки Тоҷикистон зери сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза рӯ ба тараққӣ ниҳода, пайваста талоши онро дорад, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ба яке аз давлатҳои рушдкунандаи олам мубаддал гардад.

Ёдрас мешавем, ки қабл аз баргузории мизи мудаввари “Такмили қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” меҳмонон бо намояндагони Донишгоҳ аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳ ҷойгир аст, боздид намуданд.