АЁДАТИ СОБИҚАДОРОН ВА ҚАДРДОНИИ КОРМАНДОНУ НИЁЗМАНДОН

194

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳтироми калонсолон ва кумак намудан ба оилаҳои эҳтиёҷманд раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пайваста бо масъулияти баланд дар остонаи ҳар як ҷашну маросим саховату мурувват нишон медиҳад.

Дар арафаи таҷлили соли нави мелодии 2025 таҳти роҳбарии ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. намояндагони Донишгоҳ – муовинони ректор ҳамроҳ бо намояндагони садорати факултетҳо ба аёдати омӯзгорони собиқадор рафтанд. Тадбири мазкур баҳри қадршиносии меҳнати омӯзгорони собиқадорон роҳандозӣ гардида, амалӣ намудани он дар Донишгоҳ ба ҳукми анъана даромадааст. Зимни аёдат ва супоридани туҳфаҳои солинавӣ аз дастгириҳои роҳбарияти олии мамлакат дар самти илму маориф ёдоварӣ карда шуд. Омӯзгорони собиқадор бо хушнудӣ сипоси хешро ба роҳбарияти олии мамлакат ва раёсати Донишгоҳ нисбати ғамхориву дастгириашон баён карданд.

Дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа, дидорбинии омӯзгорони собиқадор ва болида намудани хотири оилаҳои эҳтиёҷманд пайваста зери сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин замина раёсати Донишгоҳ тасмим гирифт, ки ба кормандони қисмати хоҷагидорӣ кумаки молиявӣ расонад. Фаъолияти кормандони бахши хоҷагидорӣ – фаррошону комендантони Донишгоҳ, ки онҳо ҳамарӯза баҳри тозагиву озодагии ин боргоҳи илму маърифат заҳмат мекашанд, қадрдонӣ шуданд.

Ҳамчунин, дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва барҷомондагону ниёзмандон дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин аст, ки аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ имрӯзҳо чун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо ба ин қишри аҳоли ҳамчун кори хайру савоб ғамхорӣ зоҳир карда мешавад. Тавре Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштаанд: “Яке аз амалҳои инсондӯстӣ кумак ба бепарасторону ятимон ва ашхоси эҳтиёҷманд ба шумор меравад”.

Дар арафаи соли нави мелодии 2025 раёсати Донишгоҳ ба Мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Ҳисор кумакҳои моддӣ, аз қабили маводи хӯрока ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд. Зимнан эҳсос шуд, ки бошандагони Мактаб-интернатимазкур аз иқдоми роҳбарияти Донишгоҳ хушнуд гардиданд.