АКАДЕМИК МИРГАНД ШАБОЗОВ БАРАНДАИ ҶОИЗАИ “СИТОРАҲОИ ИТТИҲОД” ШУД

442

Тавре иттилоъ додем, дар Тошканд Форуми XV зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла намояндагони Донишгоҳи миллӣ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирок намуданд. Дар чаҳорчӯби Форум маросими супоридани ҷоизаҳои “Ситораҳои Иттиҳод” ва “Иттиҳоди дебютҳо” баргузор шуд, ки устоди факултети механикаю математикаи донишгоҳ, академик Мирганд Шабозов барандаи ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод” гардид. Гуфта мешавад, ки ғолибон бо диплом, нишони фахрӣ ва шаҳодатнома сарфароз гардонида шуданд.

Ёдрас мешавем, ки ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» барои дастовардҳои байналмилалӣ дар соҳаи илму эҷод дода мешавад. Ҷоиза аз соли 2009 инҷониб ба олимону мутафаккирони соҳаҳои мухталиф мукофотонида мешавад.