АКИҲИКО ТАНАКА ДОКТОРИ ФАХРИИ ДМТ ИНТИХОБ ГАРДИД

413

Имрӯз (02.09.2023) Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) Акиҳико Танака, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада буд, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ вохӯрӣ намуд.

Меҳмони олимақом – Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) Акиҳико Танакаро ректори ДМТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар намояндагони сохторҳои дипломатии ҷумҳурӣ истиқбол гирифтанд. Баъдан меҳмонон аз дастовардҳои илмию тахникии донишгоҳ, ки масъулин дар саҳни донишгоҳ бо тарроҳии наву замонавӣ намоиш дода буд, даъват намуданд. Намоишгоҳ аз гӯшаҳои китобҳои таълифнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои тозанашри илмию таълимии устодону кормандони донишгоҳ, дастгоҳҳои замонавии таълимӣ-истеҳсолӣ, китобҳои нодири таърихӣ, дастовардҳои Маркази биотехнология ва Парки технологии донишгоҳ, Институти илмӣ-тадқиқотӣ, таҷҳизотҳои муосири фанҳои табиию риёзӣ, маҷаллаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ғайра иборат буд, ки он хеле таъсрбахш ва ҷолиби диққат буд.

Баъд аз тамошои дастовардҳои донишгоҳ ва вохӯрии расмӣ меҳмони олимақом – Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) Акиҳико Танака ҳамроҳ бо намояндагони сохторҳои дипломатии ҳар ду кишвар- Тоҷикистону Ҷопон дар толори калони донишгоҳ бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ вохӯрӣ анҷом доданд.

Нахуст ректори ДМТ Хушвахтзода Қ.Х. ташрифи меҳмононро ба ДМТ хайрамақдам гуфта, роҷеъ ба муҳимму саривақтӣ будани вохӯрии мазкур ва ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҷопон дар бахши маориф суханронӣ намуд. Дар идомаи суханронӣ қарори Шурои олимони Донишгоҳи миллиро дар робита ба узви ифтихории Шурои олимон ва доктори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон интихоб гардидани Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) Акиҳико Танака ироа намуд. Ректори ДМТ Хушвахтзода Қ.Х. зимни супоридани дипломи доктори фахрӣ ва пӯшонидани либоси махсус (манти)-и узви ифтихории Шурои олимони ДМТ қайд кард, ки Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) Акиҳико Танака барои саҳми босазояш дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба бо чунин унвон сазовор шуд.Меҳмони олимақом- Акиҳико Танака дар суханронии хеш бо изҳори сипос аз Роҳбари давлат ва раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нишасти мазкурро яке аз самтҳои муҳимми таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории Ҷопону Тоҷикистон унвон кард.

Меҳмони олимақом аз натиҷаи нишаст ва доктори фахрӣ ва узви ифтихории Шурои олимони ДМТ интихоб шуданаш изҳори сипос намуда, дар робита ба саҳми илму таълим ва масъалаҳои дипломатӣ дар густариши ҳамкориҳо, инчунин, масъалаҳои иқтисодию дипломатӣ суханронӣ намуд.

Вохӯрии мазкур бо супоридани туҳфаи хотиравӣ аз ҷониби ректори ДМТ Хушвахтзода Қ.Х. бо меҳмони олиқадр Акиҳико Танака ба анҷом расид.

Ёдовар мешавем, ки Акиҳико Танака ходими сиёсию давлатӣ, профессор, сиёсатшинос, яке аз чеҳраҳои шинохтаи соҳаи дипломат мебошад. Мавсуф дар вазифаҳои зиёд фаъолият намуда, аз 1 апрели соли 2022 ба ҳайси роҳбари Агентии мазкур фаъолият менамояд. Лозим ба ёдоварист, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии мазкур аз соли 2006 оғоз гардида, то ба имрӯз густариш ёфта истодааст.

Ашуралиева Шахзода