ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА КИТОБХОНӢ

651

Бо мақсади амалисозии ҳадафҳои давлату ҳукумати мамлакат дар робита ба рушду инкишофи илму маърифат ва ҷалби бештари хонандагон ба китобу китобхонӣ Донишгоҳи миллӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бо ин мақсад, имрӯз (04.10.2021) дар Шаҳраки донишҷӯёни ДМТ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат», намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашри илмиву бадеии адибони классику муосири тоҷику форсро роҳандозӣ намуд.

Дар намоиш ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона ширкат варзида, сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳуриро ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба китобу китобхона ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд.

Дар ин чорабинии муҳимми фарҳангӣ зиёда аз 200 номгӯ китоб, ки фарогири асарҳои бадеӣ, адабиёти классикии форсу тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва адабиёти кӯдакона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ буд, пешниҳоди омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ гардонида шуд. Мақсад аз баргузор намудани чунин намоиш, пеш аз ҳама, ба мутолиаи китоб рӯ овардани донишҷӯёну дӯстдорони китоб, дастрас ва шиносоӣ бо адабиёти гуногунсоҳаи тозанашр ва баланд бардоштани маърифати китобхонӣ мебошад.

Намоиш – фурӯши китоб бахшида ба Рӯзи забон то санаи 5 – уми октябр дар Шаҳраки донишҷӯён идома хоҳад ёфт.