ҶАЛБИ ХАТМКУНАНДАГОН БА ҶСК «БОНКИ ЭСХАТА»

283

Бо мақсади ҳамкориҳои судманди илмию таълимӣ ва ба кор ҷалб намудани донишҷӯёни донишгоҳ имрӯз (19.04.2023) намояндагони ҶСК «Бонки Эсхата» бо роҳбарии департаменти кор бо кормандони бонки мазкур Алимбаева М.М ва менеҷери кор бо кормандон Муҳиддинова З., ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо садорати факултетҳои иқтисодии донишгоҳ вохӯрӣ гузарониданд.

Муовини аввал, муовин ректор оид ба таълим Собирзода Н.М. зимни суханронии худ иброз дошт, ки вохӯрии мазкур ҷиҳати ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон мусоидат мекунад.

Зимнан имкониятҳои корӣ ва рушди касбии корманд дар бонк, талабот нисбат ба корманди минбаъда, стратегияи рушди минбаъдаи бонк, стипендияҳои бонк ва коромӯзӣ муаррифӣ карда шуд.

Дар раванди вохӯрӣ мудири бахши идоракунии лоиҳаҳои донишгоҳ Авзалов А.Х., декани факултети иқтисод ва идора Исайнов Ҳ., декани факултети молиявию иқтисодӣ Иброҳимзода И., декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ Абдулмуминзода Н., сардори раёсати инноватсия Машрабзода И. ва мудирони як қатор кафедраҳои иқтисодии донишгоҳ иштирок доштанд.