АМАЛӢ НАМУДАНИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

265

Дар ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва маҷлиси назоратии назди ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и шаҳри Душанбе ба аҳли илму маорифи кишвар доданд, мавриди корбарӣ қарор гирифт.

Ректори Донишгоҳ бо муовинон, деканони факултетҳо, мудирони сохторҳои таркибии Донишгоҳ ва дигар масъулин дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат вазифаҳои мушаххасеро пеш гузошт. Зимнан иброз доштанд, ки моро зарур аст, ки низоми таълиму тарбия ва мактабу маорифро дар заминаи сарватҳои бебаҳои маънавию ахлоқӣ, таърихиву фарҳангӣ, анъанаҳои деринаи тарбиявии халқамон ва бо дарназардошти тақозои замони муосир, ниёзҳои давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва арзишҳои умумибашарӣ пеш барем.

Ҳамзамон, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии насли наврасу ҷавон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа диҳем.

Дар ҷаласаҳои баргузоргашта, инчунин, вобаста ба самтҳои мухталифи Донишгоҳ гузоришҳо шунида шуда, масъулин дар ҳалли масъалаҳои ҷойдошта вазифадор шуданд.