ҶАМЪБАСТИ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲ

207

Имрӯз (27.04.2024) дар ҷаласаи васеъи устодону кормандони Донишгоҳи миллӣ натиҷаи Конференсияи илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, докторантону магистрантон ва донишҷӯён – «Ҳафтаи илм», ки бахшида ба «30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» доир гардид, ҷамъбаст шуд.

Дар ибтидо ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э.С. доир ба гузаронидани нақша-чорабиниҳои илмӣ-амалӣ дар Донишгоҳ дар доираи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ изҳори ақида намуда, дар ин самт ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Зимнан ректори Донишгоҳ нисбат ба зумрае аз мавзуҳои ироашуда фикру андешаи худро иброз намуда, барои боз ҳам дар сатҳи баландтар таҳлил шудани маърузаҳо ва масъалагузориҳои он пешниҳоди судманд намуданд.

«Умед аст, ки маърӯзаҳои дар ин конференсия ироашуда барои ҳалли масоили гуногуни илмӣ то як дараҷа мусоидат намуда, дар оянда баҳри инкишофи соҳаҳои мухталифи илм ва ба ҳам пайвастани илму истеҳсолот заминаи хубе фароҳам меоварад” – афзуд профессор Насриддинзода Э.С..

Зимнан муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. иброз дошт, ки аҳли илми Донишгоҳ минбаъд низ дар рушди илми ватанӣ ва баланд баровардани обрӯю нуфузи Донишгоҳ саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар муддати як ҳафта дар доираи барномаи Конференсия дар тамоми кафедраҳои тахассусӣ ва умумидонишгоҳӣ масъалаҳои гуногуни илмӣ аз ҷониби устодону кормандон, муҳаққиқону унвонҷӯён ва магистрантону донишҷӯён мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Натиҷагирии масъулони бахши илми Донишгоҳ аз баргузории “Ҳафтаи илм” нишон дод, ки дар ин муддат 960 устоду корманд ва 1730 донишҷӯву магистрант бо маъруза баромад карданд, ки аз барнома беш аз 20 маъруза пешниҳод шудааст.

Дар ҷараёни конференсия муаллими калони кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамии факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳ Абдукарим Сатторов доир ба мавзӯи “Рақамикунонии иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳлили омории он дар рейтингҳои байналмилалӣ” ва номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи иқтисод ва идораи комплекси агросаноатии факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳ Ҷумъахон Тағоев оид ба мавзӯи “Коркарди маҳсулоти кишоварзӣ: вазъият ва сармоягузориҳо” маърӯза намуданд.

Дар баробари ин, устодони собиқадор ва ҷавони Донишгоҳ дар музокираи маърузаҳо иштирок намуда, андешаҳои худро нисбат ба мавзӯҳои баррасигашта баён дошта, дар самти пеш бурдани корҳои илмию таҳқиқотӣ пешниҳодҳои мушаххас намуданд.