ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ «ИЛМ -ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

135

Ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат”- ро барои муваффақияти навбатияшон самимона табрик намуда, дар самти омодагиҳо ба даври шаҳрии озмуни мазкур тавсеаҳои судманд дод. Ҳамзамон, донишҷӯи курси 3 – юми факултети ҳуқуқшиносӣ Тоҳирӣ Шукронаро барои ғолибият дар Озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи соли 2024” самимона табрик намуда, барои таъсили минбаъдааш дастовардҳои тоза таманно намуд.

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат” гузаронида шуд ва имрӯз дар фазои тантанавӣ ҷамъбаст гардид.

Довталабон дар бахшҳои озмун аз рӯи номинатсияҳои гуногун байни худ рақобат намуда, ғолибони даври ноҳиявӣ ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.

Дастаи Донишгоҳи миллӣ – устодону кормандони ва донишҷӯёни Донишгоҳ бо гирифтани 23 ҷойи ифтихорӣ: 3 ҷойи якум, 10 ҷойи дуюм ва 10 ҷойи сеюм миёни дастаҳо сазовори ҷойи аввал гардиданд.

Дар маросими супоридани диплому туҳфаҳо ба ғолибон ва иштирокчиёни озмун намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Раёсати маорифи ноҳия, олимону донишмандон ва дигар меҳмонону масъулон иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи тадорукот роҳбарони иштирокчиён бо «Сипоснома» ва мукофотпулӣ, инчунин, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ бо «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ шуданд.