ҶАМЪБАСТИ КУРСИ ПЕДАГОГИКА ВА ПСИХОЛОГИЯИ ҲАРБӢ

191

Яке за самтҳои фаъолияти Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ-ро баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии кормандону мутахассисони дигар соҳаҳо низ ташкил медиҳад. Дар доираи нақшаи корӣ ва шартномаҳои ҳамкорӣ дар заминаи донишкада курси такмили ихтисоси тахассусии «Педагогика ва психологияи ҳарбӣ» аз санаи 30.10.2023 то 01.12.2023 баргузор гардид, ки дар он кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзгорони кафедраҳои ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур ба тадрис фаро гирифта шуда буданд. Курси мазкур имрӯз ҷамъбаст гардида, иштирокчиён соҳиби Шаҳодатнома гардиданд.