Ҷамъияти илмии донишҷӯён

Яке аз бахшҳои муҳимми қисмати илми Донишгоҳро Ҷамъияти илмии донишҷӯён ташкил медиҳад, ки бо мақсади баланд бардоштани корҳои илмии донишҷӯён ва омода намудани мутахассисони баландихтиссоси гуногуни соҳавӣ поягузорӣ шудааст. Дар ҷамъияти мазкур донишҷӯён дар баробари ошноӣ ёфтан ба роҳҳои таҳқиқу баррасии масоили илмӣ боз дар пажӯҳиши масоили илмӣ бевосита иштирок менамоянд ва тавассути навиштани мақолаву гузоришҳои илмӣ дониши худро сайқал медиҳанд.

 Нахустин конфронси илмии донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон моҳи апрели соли 1951 барпо гардида буд. Анъанаи ташкил ва гузаронидани конфронсу озмунҳои корҳои илмӣ ва олимпиадаи байни донишҷӯён зери унвони «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» ҳанӯз аз аввали таъсиси Донишгоҳ оғоз гардида буд, ки минбаъд барои ҷалби пайваста донишҷӯён ба корҳои илмӣ мусоидат намуд ва дар муддати начандон тӯлоние барои ба майдон омадани донишмандони машҳур ва асару монографияҳои илмӣ заминаи хубе гузошт.

Боиси хурсандист, ки сол то сол доираи фаъолияти ҶИД васеъ гардида, шумораи донишҷӯёни дар маҳфилҳои илмӣ фаъолияткунанда афзуда истодааст.       

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти илмии донишҷӯёни фаъоли ҶИД ширкат варзидан дар олимпиадаҳои байни донишгоҳию ҷумҳуриявӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар сол чун анъана олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дастаҳои олимпии ДМТ байни донишҷӯёни тамоми мактабҳои олии кишвар дар сафи пеш қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳама факултетҳои ДМТ ҶИД фаъолият менамояд ва тамоми донишҷӯёни фаъоли ДМТ-ро муттаҳид менамояд. Маҳфили ҶИД ҳар моҳ дар факултетҳо баргузор шуда, дасти кам се гузоришу мақолаи илмӣ дар он шунида мешавад.

Шомилшавӣ ба ҶИД озод буда, ҳар донишҷӯ метавонад барои сайқал додани донишу огоҳии илмии худ ба он шомил шавад.