ҲАМКОРӢ БО БОНКИ ОСИЁИИ РУШД ДАР САМТИ ИЛМҲОИ ТАБИИЮ РИЁЗӢ

369

Имрӯз (21.02.2023) мулоқоти намояндагони ДМТ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд Ксен Лонг, Ҷука Туливурӣ, Маделина Тиган баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъолияти Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти илму маориф, хусусан дар самти рушди илмҳои табиию риёзӣ ва дақиқ, густариши ҳамкориҳо дар самти илму истеҳсолот ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

Ҷонибҳо рушд бахшинаи ҳамкориҳоро дар самти илмҳои табиию риёзӣ ва дақиқ, ҷалби ҷавонон ба омӯзии ин илмҳо (аз рӯйи равияи омӯзгорӣ), инчунин, омода намудани мутахассисонро дар ин самт муҳим арзёбӣ намуданд. Гуфта шуд, ки дар доираи амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040, татбиқи барномаву лоиҳаҳои муосир, ташкили озмоишгоҳои муосири илмӣ-таълимӣ ва дарёфти роҳҳои нави ҷалби ҷавонон дар ин самт талаботи замон буда, барои омода намудани мутахассисон мусоидат менамоянд.

Ёдрас мешавем, ки дар мулоқоти мазкур намояндаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, роҳбари лоиҳаҳои соҳаи иҷтимоии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон – Г.Фозилова, инчунин, муовинони ректор оид ба таълим ва равобити байналмилалї, ҳамзамон, садорату устодони факултетҳои химия, биология, физика ва механикаю математикаи донишгоҳ иштирок намуда, масъалаҳои гуногуни илмию таълимӣ ва истеҳсолии илмҳои табиию риёзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.