ҲАМКОРӢ БО ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТЕХНИКИИ ҶАНГАЛ

402

Дар заминаи ҳамкориҳои дӯстона имрӯз (27.05.2022) муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Мирзамонзода Х.М. бо намояндагони Донишгоҳи давлатии техникии ҷангали Санкт-Петербурги ба номи С. Кирови Федератсияи Русия мудири шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ Светлана Викторовна Терешенко ва дотсенти кафедраи мазкур Екетерина Сергеевна Косоногова вохӯрӣ анҷом доданд.

Дар мулоқот муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Мирзамонзода Х.М. меҳмононро бо таърихи донишгоҳ, сохтор ва ҳайати устодону кормандон, зарфият ва имкониятҳо, вазъи кунунии таълиму тадрис, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар донишгоҳ ошно намуда, зикр кард, ки дар ДМТ вобаста ба талаботи замон дар бештари ихтисосҳо кадрҳои лаёқатманд омода намуда, ҳамкории ДМТ бо сохторҳои илмию таълимии берун аз кишвар, бахусус Федератсияи Русия дар ҳоли рушд қарор дорад.

Дар навбати худ меҳмонон ҳадафи ташрифи худро ба донишгоҳ густариш додани ҳамкориҳои судманд дар самтҳои мухталиф арзёбӣ намуда, роҷеъ ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии техникии ҷангали Санкт-Петербург сухан карданд.

Ҳамзамон, дар доираи ин вохӯрӣ меҳмонон бо роҳбарии мудири шуъбаи равобити байналмилалии ДМТ Қобилҷон Қурбонов аз Шаҳраки донишҷӯён боздид ба амал оварда, бо устодони факултетҳои молиявию иқтисодӣ, баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ ва иқтисод ва идора мулоқот намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманд табодули афкор намуданд.