ҲАМКОРӢ БО ДОНИШГОҲИ ФЕДЕРАЛИИ УРАЛ

420

Имрӯз (27.10.2021) Хушвахтзода Қ.Х., ректори ДМТ бо ректори Донишгоҳи федералии Урал ба номи аввалин Президенти Русия Б.Н. Елсин Кокшаров В.А. вохӯрӣ анҷом дод.

Дар мулоқот робитаҳои илмӣ, эҷодӣ ва омӯзишии ДМТ бо Донишгоҳи федералии Урал баррасӣ гардид. Дар мулоқот Хушвахтзода Қ.Х. меҳмони олиқадрро бо таърихи донишгоҳ, сохтор ва ҳайати устодону кормандон, вазъи кунунии таълиму тадрис, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар донишгоҳ ошно намуда, зикр кард, ки дар ДМТ вобаста ба талаботи замон дар бештари ихтисосҳо кадрҳои лаёқатманд омода карда мешаванд ва ҳамкории ДМТ бо давлатҳои хориҷӣ дар ҳоли рушд қарор дорад.

Меҳмони олиқадр ҳадафи ташрифи худро ба донишгоҳ густариш додани ҳамкориҳои судманд дар самтҳои мухталиф арзёбӣ намуда, роҷеъ ба фаъолияти Донишгоҳи федералии Урал сухан кард.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар самти соҳаҳои тиббию муҳандисӣ ва геологияву физика суханронӣ намуда, ҷиҳати густариш бахшидани ҳамкориҳо созишнома ба имзо расониданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ин ҳамкорӣ санаи 26.10.2021 дар донишгоҳ вохӯрии донишҷӯёни донишгоҳ бо муовини раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни Донишгоҳи федералии Урал ба номи аввалин Президенти Русия Б.Н. Елсин оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Каримов Мирзомуҳаммад Мирзобаҳодурович баргузор гардид.

Вохӯрии мазкурро мудири шуъбаи равобити байналмилалии ДМТ Қобилҷон Қурбонов ифтитоҳ намуда, афзуд, ки мақсад аз нишасти мазкур тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба мебошад.