ҲАМКОРӢ БО ДОНИШГОҲИ ИНДАСИ ПОКИСТОН

503

Ҳадаф аз ташриф ва мулоқоти ректори Донишгоҳи индаси Покистон Халид Амин бо ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмию таълимии дуҷониба буд.

Дар оғози мулоқот ҷонибҳо доир ба шарту шароити таълиму тадрис дар ҳар ду донишгоҳ суханронӣ намуда, мақсади вохӯриро дар рушд бахшидани ҳамкориҳои тарафайн унвон намуданд.

Зимнан таъкид шуд, ки дар пояи факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллӣ ҳамоишҳои сатҳи гуногун дар робита ба омӯзши таъриху фарҳанги Покистон гузаронида мешавад.

Ҷонибҳо дар самти ба роҳ мондани табуодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани пажӯҳишҳои муштарак, инчунин, ташкили ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ табодули афкор намуда, миёни ДМТ ва Донишгоҳи индаси Покистон ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.