
Имрӯз дар робита ба татбиқи сиёсати варзишпарваронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода бо котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов мулоқот намуд. Ҳадаф аз вохӯрӣ рушди бештари ҳамкориҳо дар самти варзиш, хусусан дар робита ба баргузории мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар пояи Маҷмуаи муосири варзишии Донишгоҳ, инчунин, таҳким бахшидани фаъолияти дастаи футболбозони Донишгоҳ – “Сомон” буд.
Зимнан гуфта шуд, ки Истиқлоли давлатӣ ба рушди ҳамаҷонибаи варзиш дар мамлакат заминаи воқеӣ ва устувореро гузошт. Пешравӣ ва дастовардҳои арзандае, ки варзишгарони муваффақи кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ ба даст овардаанд, барои миллати тоҷик беназир аст. Бешак, дар саргаҳи ҳамаи ин дастовардҳо ташаббус ва сиёсати варзишпарваронае меистад, ки мардуми шарафманди тоҷик онро ба номи Сарвари оқили худ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рақам мезананд. Яке аз дастовардҳои назаррас ин эълон шудани 25-уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол мебошад, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба СММ пешниҳод ва қабул гардид.
Дар интиҳо ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

