ҲАМКОРӢ БО «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»

284

Имрӯз (12.04.2021) дар партави “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” эълон гардидани солҳои 2020-2040 дар соҳаи илму маориф ва дар доираи Лоиҳаи «Беҳтаргардонии ҷараёни таълим ва васеъ гардонидани имкониятҳо (ба кор таъминкунӣ)-и хатмкунандагон» бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ва ташаббуси Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон, садорати факултетҳои иқтисодии донишгоҳ вохӯрии хатмкунандагони факултетҳои зикршуда бо намояндагони ҶСП Ташкилоти амонатии қарзии хурди «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ директори филиали ҶСП Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» дар ноҳияи Сомонӣ Ш. Муродов, сардори раёсати филиал Зебо Назарова ва менеҷери минтақавии филиали мазкур Фарзона Негматова иштирок доштанд. Қабл аз вохӯрӣ бо донишҷӯён меҳмонон бо садорати факултетҳои иқтисодӣ мулоқот намуда, дар робита ба мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар самти таҷрибаомӯзӣ табодули афкор намуданд.

Сипас меҳмонон бо хатмкунандагон вохӯрӣ намуда, дар самти омӯзиши паҳлуҳои гуногуни бонкдорӣ суҳбат намуданд. Тавре ба мо мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Ҷ.Т. Абдуллоев иттилоъ доданд, мақсад аз баргузории ин вохӯриҳо омӯзиши таҷриба ва ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон, инчунин, рушди ҳамкориҳои илмию эҷодӣ мебошад.