ҲАМКОРӢ БО МУАССИСАҲОИ ИЛМИЮ ТАЪЛИМИИ ОЗАРБОЙҶОН

325

Ҳадаф аз мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Алимирзамин Аскаров бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. рушд бахшидани ҳамкориҳои гуногунсамт буд, ки имрӯз (17.04.2023) дар бинои марказии Донишгоҳи миллӣ сурат гирифт.

Ректори донишгоҳ ташрифи меҳмони олиқадрро ба донишгоҳ ҷиҳати вусъат додани ҳамкориҳои илмиву таълимӣ муҳим арзёбӣ намуда, баён дошт, ки донишгоҳ омода аст бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамкорӣ намуда, табодул ва таҷрибаи хешро дар ин самт вусъат диҳад.

Сафир дар навбати худ роҷеъ ба муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳирии Озарбойҷон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки рушди муносибатҳои илмию таълимӣ такмил дода шавад.

Зимнан меҳмонони олиқадр аз Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии донишгоҳ ҷойгир аст, боздид намуд.