ҲАМКОРӢ БО МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ТАЙЛАНД

303

Имрӯз дар тоираи ҳамкориҳои мутақобиланд судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Тайланд муовини сафири Давлати шоҳигарии Тайланд дар Ҷумҳурии Қазоқистон хонум Оратай Пхубунлап Гунасийлан ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, ба роҳбарияти бахши робитаҳои байналмилалӣ ва масъулини Донишгоҳ мулоқот намуд.

Дар оғоз намояндагони Донишгоҳ оид ба зарфияти илмию таълимии Донишгоҳ ва ҳамкориҳои он бо муассисаву марказҳои илмӣ-таҳқиқотии хориҷи кишвар суханронӣ намуданд. Зимни мулоқот хонум Оратай Пхубунлап Гунасийлан дар робита ба рушди ҳамкориҳои Тайланду Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф сухан карда, иброз дошт, ки мақсад аз ташриф рушди равобити ҳамаҷониба байни ду кишвар, хусусан дар самти табодули устодону донишҷӯён ва баргузории ҳамоишҳои илмию назариявӣ мебошад.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба самтҳои гуногуни ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии Тайланду Донишгоҳи миллии Тоҷикистон табодули афкор намуданд.