ҲАМКОРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ДАФТАРИ БАРНОМАҲОИ САҲА

617

Ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. намояндагони Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе Файзулло Наимов ва Ҷамшед Ҳайдаровро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот ҷонибҳо дар самти ҳамкориҳои муштарак дар самти тандурустӣ, расонидани ёрии ройгони ҳуқуқӣ ва баргузории нишастҳои судманд бо донишҷӯёни донишгоҳ табодули афкор намуданд.

Таъкид шуд, ки Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе бо Маркази муқовимати таълимӣ бар зидди савдои одмони назди донишгоҳ ҳамкорӣ дошта, дар самти равобити иттилоотӣ-таълимӣ тадбирҳои муҳимро ба нақша гирифтаанд.

Дар зимн аз ҷониби намояндагони Дафтари барномаҳои САҲА ҷиҳати беҳтар фаъолият намудани Маркази мазкур туҳфаҳо, аз ҷумла компютерҳо (5-то) ва дастгоҳи чопии замонавӣ (принтер) супорида шуд.